Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бигузор инро худаш исбот намояд. Охир ў метавонист Солеҳ Ҷалилро ба қатл расонида, соҳиби бори овардааш шавад. Ҳамин хел не? Ба ҷуз ў ва Шодии Лоиқ, ки дар мавзеи Хушкакдара хайма доранд, дигар кӣ ҳам он пайроҳаҳои морпечи ба соҳили Ому рафтаро медонад. Рафту Солеҳ Ҷалил на якбору ду бор дар хаймаи онҳо меҳмон шуда бошад - чӣ?
– Шояд ҳақ ба ҷониби худат бошад, аммо дар он сурат чӣ лозим буд, ки омада ба милиса хабар диҳанд?
– Ҳамааш чашмбандӣ, ба ҷуз чашмбандӣ дигар чизе нест.
Агар онҳо ҳам омада, ба милиса хабар намедоданд, ягон каси дигар ба ҷустуҷўи эшон мебаромад ва хабари қатли ўро ба милиса меовард.
– Ана, ҳамон касро ёфтани мо шарт. Мефаҳмед, мо бояд ҳамон нафареро дарёбем, ки ба ҷустуҷўи Солеҳ Ҷалил мебаромад.
– Пас бо ин кас чӣ кор кунем?
– Ўро мо боздошта наметавонем ва сабабҳояшро ман аллакай гуфта додам.
– Дар бораи нафари ношиносе, ки дар роҳ бо Самандари Раҳим рў ба рў омадааст, чӣ фикр доред?
– Ҳоло ягон чиз гуфта наметавонам, вале хуб мешуд, ки мо ҳамон мавзеъро зери назорат мегирифтем.
– Чанд муддат. Ва аз ин магар суде ҳаст? Охир ҷинояткор ҳам он қадар гӯлу гумроҳ набудагист, ки боз гашта ба он мавзеъ равад.
– Кори милиса таваккалро меписандад ва аз он ки муддати ду - се шабонарўз мо маҳали Хушкакдараро ба зери назорат мегирем, ягон чиз бой нахоҳем дод. Ба замми ин, ношиносе, ки ба он самт рафтааст, аздусар бармегардад.
– Рафту ў гиреҳи кандаро дар додугирифти маводи мухаддир барқарор карда тавонад.
– Агар чунин шавад, ў моро бо қотили Солеҳ Ҷалил рў ба рў мекунад.
– Рафту ў барнагардад, ё аллакай дар ҳамин муддат баргашта бошад - чӣ?
– Дар чунин ҳолат ҳам мо чизе бой нахоҳем дод. Чӣ хеле ки ягон нӯги гиреҳро дар даст надоштем, ҳамон хел мемонем.
– Шояд ба ин кор худи Самандари Раҳимро сафарбар намоем?

пешина
аз 513
навбатӣ