Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бубинед, капитан Сорбони Ҳомид моро дар кулбаи худамон муттаҳам кард. То андозае ҳақ ба ҷониби ў буд, чунки мо аз вазъи криминалии ноҳия хабардор нестем. Шумо Юсуфович ба дил наздик нагиред, вале ҳатто бахше ки ман сарварии онро ба душ дорам, ягон хабаре нисбат ба Хоҷаева нагирифтааст. Ҳамин ҳам кор шуд магар? Агар шикояти ҳамсояҳои Хоҷаева намешуд, шояд шумо ҳам дар ин бора маълумоте намегирифтед. Ба ҳар ҳол, раҳмат ба онҳое, ки аққалан аз болои он духтарак шикоят карданд ва имрўз шумо моро аз вазъияти ногувор раҳо кардед. Охир вазифаи милиса пеш аз ҳама ҷилавгирӣ аз ҷиноят аст. Модоме мо намедонем, ки Хоҷаева «Мерседес» – ро аз кадом ҳисоб ба даст овардааст, пас чӣ тавр ба кори хеш баҳо диҳем. Мардум чӣ мегўянд? Албатта, мегуфтагистанд, ки модоме милиса пишаки Хоҷаева баринҳоро пишт намегўяд, пас дар пушту паноҳӣ ў ҳастанд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар мардум аз милиса канораҷўӣ мекунанд. Шумо ҳатто ба шикояти мардум аҳамият надодед. Ба хонаи зани бешавҳар рафтани мард гуноҳ нест. Агар ба шикоят аҳамият медодед, шояд ҳамон мардро, ки се соли охир мавриди ҷустуҷўйи милиса қарор дошт, дастгир мекардед. Шуморо тарсонданӣ нестам, вале чун тафтишот исбот намояд, ки дар ҳақиқат се сол боз ҳамин марди дар ҷустуҷўи милиса қарор дошта ба хонаи Хоҷаева рафтуомад доштааст, мо бе ҷазои интизомӣ халос намешавем.
Мефаҳмед?
– Фаҳмо.
– Аз ҳамин лиҳоз, мо бояд худи ҳамин рўз не, дурусттараш аз ҳамин лаҳза, саҳфаҳои зиндагиномаи Хоҷаеваро варақгардон намоем.
– Хуб шудааст, – посух дод сарнозири минтақавӣ.
– Саросема нашав. Худи ҳозир, ана, ҳамин расмро гирифта, ҳамроҳи шогирд аз пайи иҷрои он шавед. Канӣ фаҳмед, ки мардум, бахусус ҳаққу ҳамсояҳои Хоҷаева боре ҳам ҳамин мардро дидаанд ё не? Ковалчук расми Солеҳ Ҷалилро ба дасти сарнозири минтақавӣ дод.
– Ман худам аз пайи иҷрои супоришатон шавам?
– Агар дар он маҳал шуморо шиносанд, не. Беҳтараш ягон нафаре, ки мардум ўро намешиносанд, дар либоси ғайринизомӣ ба ҳамон маҳал равад. Аз ҳисоби бахши мо шогирд Абдурашиди Шариф меравад.

пешина
аз 513
навбатӣ