Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ман ҳам дар суҳбат иштирок мекунам, - пурсишро бошад ба зиммаи Гурезов мемонам.
– Майлаш, ман розӣ. Шояд дар ин бора ўро муфаттиш пурсад?
– Не. Беҳтар аст, ки мо худамон ўро пурсем. Агар пурсиш натиҷае диҳад, ўро ба Самадов медиҳем, дар акси ҳол муфаттишро овора карданамон нағз нест. Бе ин ҳам ў дар истеҳсолоташ боз чанд парвандаи ҷиноятӣ дорад.
– Дигар вақти шуморо намегирам.
Сорбони Ҳомид рухсат пурсида, аз утоқи кории сардори ШКД баромад. Дар утоқи кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ лейтенанти милитса Гурезов ў боз сари масъалаи дар пешистода - пурсиши Самандари Раҳим баргашт. Албатта, пурсиши чӯпон характери расмӣ ҳам надошт, чунки ба сифати гумонбаршуда ўро метавонист танҳо муфаттиш пурсад. Ба ҳар ҳол, ў ҳамроҳи Гурезов нозукиҳои пурсиш ё аниқтараш суҳбати дар пешистодаро дар чаҳорчӯбаи нақшаю чорабиниҳои оперативӣ бори дигар муҳокима намуданд.
Сорбони Ҳомид ба шогирд тарз ва усулҳои пурсиши оперативиро бори дигар ёдрас намуда гуфт, ки суҳбатро бояд худи шогирд оғоз намояд ва ба он ҳусни анҷом бахшад.
– Дар ҷое ки Шумо бошед, чӣ тавр ман…, – эътироз карданӣ шуд Гурезов.
– Ҳангоми суҳбат тасаввур намоед, ки ман нестам, умуман набудам ва намешавам. Фаромўш накун, ки уқобро танҳо парвоз уқоб кардааст…
Дирўз Олег Ефремович Ковалчук пас аз рафтани Сорбони Ҳомид сари мизи кориаш хеле хомўш нишаст. Ў сари кадом масъала андеша дошт, ба сарнозири минтақавӣ ва таҷрибаомўз муаммо буд. Чун худи подполковники милиса хомўш буд, дуи дигар ҳам муҳри хомўшӣ ба лаб заданд.
– Юсуфович, корҳо бад - ку? – ниҳоят хомўширо халалдор карда гуфт соҳиби утоқ.
Сарнозири минтақавӣ сухане ба забон наовард. Ў аслан фаҳмидан мехост, ки сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ ба кадом кори онҳо эрод гирифт.
Чун аз санг садо омаду аз сарнозири минтақавӣ не, Олег Ефремович боз ҷилави суханро ба даст гирифт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо