Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Дар мобайн Абдурашид ва Ҷомӣ, дар паҳлуи рост Нўшин, дар паҳлуи чап Фурўғ ва дар сари дасти Нўшин Шукрихудо. Ба қавле аҳли хонавода, вале чаро Искандар онҳоро ба тамошобин нишон додан хостааст, ў нафаҳмид.
Шояд наворбардор дар касби хеш мутахассиси варзида буд, вале капитани милиса сари ҳамин лаҳзаи навор бо ҳамсараш борҳо баҳс намуд ва он лаҳзаро номувофиқ ҳисобид.
– Не, бисёр мувофиқ омадааст, наворбардорро ҳимоя намудани шуда гуфт Умеда.
Ниҳоят аз байни алафҳо симое пайдо шуд ва наворбардор ўро бо як маҳорати хос оҳиста - оҳиста пеш овард ва боз ўро дар як мижа задан то ба болои кўҳи бузурги ҳазрати Хошмерган бурд. Боз ҳамон симо наздик омад ва паҳлуи дарахти себе, ки саросар бор оварда буд, истода, бо овози марғуладори хеш диққати тамошобинро ба сўи хеш мекашид:
Дар олами эъҷоз,
Дар гардишу парвоз,
Сарлашкару сарбоз,
Дар дидаи ман ҷумла ба монанди ҳилоле, Дар партави хуршед надидам камоле…
Сорбон саропо мафтуни овози Наҷиб гашта буд, ки нохост телефон занг заду ў дилу бедилон гўшакро бардошта, сипас пултро ба даст гирифта, тугмачаи дигари онро пахш кард.
-Дар мавзеи Хушкакдараи ноҳияи Гулобод ҷасади Солеҳ Ҷалил ёфт шуд. Прокуратураи ноҳияи Гулобод аз рўйи ҳамин масъала парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст. Тафтишот давом дорад...
– Хуш шунидӣ?
– Қариб.
–Хайр, Файзулоеву Хоркашевро дидӣ? Бо Сабоҳати Маҳмад вохўрдӣ?
– Ҳа, рафиқ подполковник. Аҷиб, ки шумо аз куҷо занг мезанед?
– Аз куҷо мешуд? Аз Гулобод. Имрўз дар Гулобод стансияи телефонии «Дама» – ро васл карданд, ки бо спутник пайваст шуда, чун ахбори криминалӣ сар шуд, ба худат занг задам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё