Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба воситаи Шаҳноза.
– Ту аз Шаҳноза пурсидию Шаҳноза аз модараш ҳамин хел?
– Ҳамин хел, очаҷон.
– Оча, очаҷон! О дар оинаи нилгун дар бораи язнаам гап зада истодаанд, - аз хона берун шуда гуфт додараки Сабоҳат – Сафар, ки дар синфи панҷум мехонд.
– Чӣ хел дар бораи язнаат? - ҳеҷ чизро нафаҳмида пурсид модар.
– Чӣ хел,чӣ хел? Дар ахбори криминалӣ.
Вале шунидани ахбори криминалӣ ба модару духтар муяс- сар нагашт, вақте ки онҳо вориди хона шуданд, нотиқ дар дигар мавзуъ сухан мегуфт.
Сабоҳат сари тақдири хеш андеша дошт. Аз он чӣ ки милиса низ дарди ўро ҳис кард, фаҳмид, ки дунё бо одамони нек пойдор аст…


Сари дастархон Сорбони Ҳомид боз аз Наҷиб ёд кард.
– Хавотир нашав, то оғози хониш боз як рўз вақт ҳаст, – шавҳарро ором карданӣ шуд Умеда.
–Як рўз, як рўз гуфта мешинӣ. О. як - ду рўз пештар меомад, осмон ба замин мечаспид?
Умеда мефаҳмид, ки то ба кадом дараҷа Наҷиб дар дили шавҳараш маскан гирифтааст ва баҳри каме ҳам ором кардани хотири ӯ аз ҷой бархеста, фиттаеро, ки дар болояш «Сурудҳои Наҷиб» навишта шуда буд, ба видео гузошта тугмачаро зер кард.
Танзимгари телевизиони тоҷик Искандари Саид, ки ҳамроҳи ў боре ба деҳа рафта буд, баҳраш сурудҳои Наҷибро ба навор гирифт. Искандар вазифаи ҳам коргардон ва ҳам наворбардорро иҷро кард ва то ба андозае аз нуқтаи назари ғайримутахассис Сорбони Ҳомид ба комёбӣ ноил гашта буд…
Дар телевизион аз дур қаторкўҳҳои ҳазрати Хошмерган намудор гашта, омада бо шаршараи зебои Дараи Мело пайваст шуд. Сипас, сабзаю себаргаҳои лаби ҷўй, пайроҳаҳои борики кўҳистон, сайру гашти кўдакон, ки онҳоро шинохта намешуд, дар табиати ниҳоят зебо рўи навор омад. Дигарон ку не, вале Сорбони Ҳомид кӣ будани он кўдаконро, ки Искандар аз рўи тахаюлоти хеш наворбардорӣ карда буд, медонист.

пешина
аз 513
навбатӣ