Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Садқаи одами ақли фаҳм шавам. Чӣ хеле гуфтам ин тадқиқоти журналистӣ аст ё нагуфтам?
- Не, гуфтед, вале банда то кунун нафаҳмида истодаам, ки шумо аз ман чӣ мехоҳед?
-Дар ҳамон сангчарх мошине зери он монд, аминам ки инро инкор намекунед? - Не, албатта.
- Боварӣ комил дорам, ки чун ҳар як фарди мусулмон шумо ҳам ба ёрии он ронандаи дар зери сангчарх монда шитобидед?
- Ман рафта натавонистам, вале ронанда ба он ҷо рафт.
- Шумо мошинро дидед ё не?
- Баъди рафтани ронанда ман ҳам аз мошин фаромада, аз рўйи роҳ ба поён назора намудам. Ба ростӣ, то кунун дилам аз он манзараи даҳшатнок меларзад.
- Дили шумо?
- Ҳа, дили ман.
- Бовар намекунам.
- Чӣ хел бовар намекунед?
-О, ман бори аввал чунин манзараи даҳшатнокро дидам. - Маҳз ҳамон манзара буд, ки шумо соҳиби ҳаштод ҳазор доллар шудед?
- Инро кӣ собит мекунад?
- Ман.
- Шумо?
- Ҳа, ман, чунки вай пули ана ҳамин идора буд. Мо бошем, баҳри ёфтани пули обуна, ки бархилофи қоидаҳои ҷорӣ онро ба Сайёд Ватан дода будем, ба тадқиқоти журналистӣ пардохтем. Мо метавонистем дар ин бора ба милиса муроҷиат намоем, вале худ ки гуноҳкор будем, ба ин амал даст назадем.
- Чӣ хел гунаҳкор?
- Пули обуна аслан дар бонк гардиш мекунад ва идора аз он ҳисоб дуюним фоиз даромад мегирад. Мо бошем, ба ивази панҷ фоизи даромад он маблағро барои се моҳ ба Сайёд Ватан додем, ки ҳамин амал хилофи қонун аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор