Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Боке нест, ба хона равед ва занги бандаро интизор шавед.
  • Ман занги шуморо интизор мешавам. Аминам, ки рақами телефони бандаро аз ёд набаровардаед.
  • Магар телефони чунин бонуи зеборо фаромўш мекунанд? - хандида гуфт Абдурашиди Шариф.
  • Мебинем, - гуфт Ёсуман ва таксиеро боз дошт...
    Лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф ба капитани милиса Сорбони Ҳомид занг зада, аз натиҷаи суҳбати на чандон тӯлонии хеш бо Ёсумани Мансур ўро огоҳ намуд.
  • Худи ҳозир дар бораи пешниҳоди шумо ман бо Ҳамид Ҷовид суҳбат мекунам ва аз натиҷааш баъди даҳ - понздаҳ дақиқа хабар медиҳам.
  • Ман занги шуморо интизор мешавам, рафиқ капитан,- гўён Абдурашиди Шариф самти ҳаракаташро 180 дараҷа тағйир дода, боз ба самти он биное, ки рўзи дароз омадани Ёсумани Мансурро интизорӣ кашид, ҳаракат намуд. Ў бисёр мехост, ки сарвари ШКД анҷоми амалиёти "Сангчарх" - ро дар дафтари кории сармуҳаррир анҷом диҳад. Ҳамин амал ба пиндори лейтенанти калон мисли суди сайёр дар тарбияи ҷавонон метавонист саҳми бештаре гузорад.
    Расо баъди даҳ дақиқа Сорбони Ҳомид занг зада, хабар дод, ки сарвари ШКД барои гузаронидани анҷоми амалиёт розигии хешро дод ва худи ҳозир ў баҳри нуқта гузоштан ба амалиёти "Сангчарх" ба редаксия ташриф хоҳад овард.
  • Ман ба Ёсуман занг занам?
  • Боз каме сабр намоед, сараввал мо бояд ба сармуҳаррир гуфтугў намоем.
    Сорбони Ҳомидро дар пеши бинои “Қасри чавонон” Абдурашиди Шариф хайрамақдам гуфт ва онҳо ҳарду якҷоя ба дафтари кории "сармуҳаррир" рафтанд.
    "Сармуҳаррир" марди оқиле будааст ва бе ягон дудилагӣ дафтари кории хешро ба ихтиёри кормандони милиса вогузошта гуфт, ки баъди анҷоми корҳоятон илтимос дарро дурусттар пўшед...
пешина
аз 527
навбатӣ