Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Ба фикрам, шумо бандаро ба чойнӯшӣ даъват накардаед?
- Даъват мекунам, марҳамат истед, ҳамроҳ як пиёла чой менўшем.
- Ташаккур, бори дигар, - гўён Сорбони Ҳомид ҳам ба тарафи дар ҳаракат кард…
Дар нимаи дуюми рўз, дар замоне, ки васиён муаллимаи фанни кимиёро аз пеши даромадгоҳи мактаб ба зери назорат гирифтанд, телетайпи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сарчашма ба кор даромад ва баъди як дақиқа коғази сафеде бо ҳуруфи кириллӣ аз он берун шуд:
“Ба муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма ҳуқуқшиноси дараҷаи дуюм Фирдавси Ҳаким
Нусха: Ба сардори ШКД-и ноҳияи Сарчашма полковники милиса Ҳамид Ҷовид
Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзбор дар асоси талаботи Кодекси мурофиави ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон расми тариқи телетайп ба суроғаи мо ирсол намударо ба хонандаи синфи чоруми мактаби рақами 2 - и таҳсилоти умумии ноҳияи Файзбор Қодири Ашўр барои шиносоӣ пешниҳод намуд. Ноболиғ Қодири Ашўр аз байни панҷ расм нафареро нишон дод, ки субҳи рўзи 23 - юми сентябр ҳамроҳи марди тахминан бистушаш - сисола дар мавзеи Дударгӣ ҳангоми ба амал омадани сангчарх дида буд.
Расми нишондодаи Қодири Ашўр ҳамон расме буд, ки шумо ба суроғаи мо ирсол намуда будед. Расми Ёсумани Мансур.
Протоколи шиносоӣ аз рўйи суратҳо ва протоколи пурсиши иловагии ноболиғ Қодири Ашўр соате пештар тариқи почта ба суроғаи шумо фиристода шуданд.
Сардори ШКД ноҳияи Файзбор майори милиса Ҳикмат Зариф”
- Ҳоло он кас дар куҷост? - баъди шиносоӣ бо ҳуҷҷати аз телетайпомада пурсид сардори милиса.
- Лаҳзае пеш объект аз мактаб баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор