Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳамин хел урён?
  • Бале.
  • Вой ман мурам ин чӣ бешармӣ...” Пас куҷост оне ки рафтору гуфтору пиндораш нек буд?
  • Аспу зану шамшери...
    -Шуд, шуд, ба рағми гуфтаҳои қалби хеш бархест ў...
    Аз ҷой бархесту пушти тиреза омад. Аз паси оинаи тиреза ба берун назар кард. Мардум ҳама чун мурчагон дар даву тоз буданд, қисме ба самти шарқ ҳаракат дошту қисме ба ғарб ва баръакс. Аз дур ҳам бошад, манзараи пеши бозор намоён буд. Рафту агар сӯзан партоӣ, ба замин намерасид. Ҳар қадар ба атроф назора намуд, собиқ духтари ҳамсоя, он олиҳаи зебои хешро, ки дар замираш пайкони муҳаббатро ҷо намуда буд, надид. Чун ўро худи прокурор ҷавоб дода буд, дигар хатареро низ мушоҳида накард. Рафту агар тайи ин ду рўз аҳамият медод, он хатар ҳамчун асбобҳои аёнии мактаб намоён буд. Вай ҳатто ба гўшаи хаёл ҳам наовард, ки чаро он мошини ВАЗ-2105 рангаш осмонӣ тайи ду рўз - аниқтараш як шабонарўз, дар тарафи муқобил беҳаракат истодааст. Дигаронро ба эҳтиёткорӣ ҳидоят намуду худ ҳамин чизи одиро аз хотир баровард. Ҳатто аз телефони эҳтиётиаш ба ҷойи кори Ҷамила занг зада, аз вай пурсон шуд.
  • Он кас нестанд.
  • Духтари нағз, банда яке аз хешовандони наздики Ҷамилабону ҳастам ва ба шумо маълум бод, ки нисбати тақдираш бепарво нестам.
  • Як ҳамкорамон ба шавҳар баромаданист ва Ҷамилабону ба тўй рафтанд. Аҷаб нест, ки ду - се рўз дар он ҷо монанд.
  • Ба куҷо рафтанд?
  • Инашро гуфта наметавонам. Агар дар ҳақиқат Ҷамилабону хешованди наздикатон бошад, бояд ў худаш шуморо огоҳ мекард, - гўён дар он тараф ба алоқа нуқта гузоштанд.
  • Бубин ба тўй рафта, аққалан як хатча ҳам намондааст, калидро мондаасту хатчаро аз ёд баровардааст.
пешина
аз 527
навбатӣ