Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Боди субҳгоҳӣ ногаҳон чун тираабре дар осмони хаёлоти Ҳамид Ҷовид падид омад.
- Ёсуманро аз ёд баровардаем.
- Худаш чӣ гап, рафиқ полковник? - сухани вайро шунида пурсид сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ.
- Ёсуманро аз ёд баровардаем, рафту киллерро ба муқобили вай равона намуда бошанд - чӣ?
- Ёсуман ду рўз боз дар зери назорати доимист. Бачаҳо ўро аз кўчаи Сурхоб то кўчаи Анзоб ва баръакс гусел мекунанд.
- Фаромўш насозед, рафиқ подполковник, ки ба ин кор киллер сафарбар карда шудааст ва ў ҳам марди аноӣ набудагист.
Шаби торику сангистону ман маст, Қадаҳ аз дасти ман афтоду нашкаст.
Нигоҳдорандааш неку нигоҳ дошт, Вагарна сад қадаҳ нафтода бишкаст... - Ман қоил, вале мо набояд ҳушёриро аз даст диҳем.
- Даст ба дуо мебардорем, ки то субҳ ба Ёсуман ҳодисае рух надиҳад, чун рўз шавад ягон фикр мекунем.
- Омин!
Ситораҳо оҳиста - оҳиста ҷилои хеш аз даст медоданд... - Ҳеҷ чиз дар дунё абадӣ нест.
- Чиро дар назар доред, рафиқ полковник?
- Соате пештар ситораҳо чӣ хел ҷило доштанд ва акнун бубин...
- Кош ҳамин ҳолатро ҷинояткорон мефаҳмиданд.
Барои айшу нўши дурўза онҳо ба чӣ корҳое даст намезананд, бехабар аз он ки... - Рафтанду равему боз оянду раванд.
- Суханони Хайём ҳама дурдонаанд.
- Бале, дурдона, акнун рафтем!
- Ба куҷо?
- Ба идора...
Даъвати навбатии Марказ ба алоқа бо бонги хурӯси ҳамсоя, ки дар шафти бинои милиса ҷойгир буд, рост омад.
Дуюм марказро ҳушдор сохт, ки объект ба кўча баромада, аз телефон - автомат ба куҷое занг зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор