Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

"Туро касе ба ҳамкорӣ даъват накарда буд, ё гапам нодуруст?

  • Дуруст.
  • Ба ҷуз он ки он ҳаштод ҳазор долларро ба дори фано додед, боз хизмати киллерро ба души мо бор кардан мехоҳед", сабт шуда буд кормандони милисаро ба андеша водор намуд. Чун милиса тайи ин муддат борҳо сари муаммои он ҳаштод ҳазор доллари амрикоӣ, ки ҳангоми сангчарх аз мавзеи Дударгии ноҳияи Файзбор гум шуд, майна об намуда буд, аз суҳбати на чандон тӯлонии "Хаймаи Хайём"
    ба хулосае омад, ки гурўҳи Дороб Қамар ҳам то кунун он маблағи ба дори фано рафтаро аз ёд набаровардааст. Аз суҳбати дар "Хаймаи Хайём" бавуқуъпайваста танҳо як калима баҳри милиса нофаҳмо буд, ин ҳам бошад: "боз хизмати киллерро ба души мо бор кардан мехоҳед". Ҳар он чи ки объекти дар зери васигии гурўҳи дуюм гуфт боиси андеша буд. Маълум худи Хушдил Одил дар кадом амалиёте, ки баҳри онҳо то кунун муаммост, супоришдиҳанда аст.
  • Наход сангчарх маҳсули дасти вай бошад? - пурсид сардори бахш Тоҳир Додобоев, ки дар ин шаби дарозтар аз қарн ҳамроҳи сарвари ШКД буд.
  • Ба гумон аст.
  • Набошад, киллер чӣ хизматеро ба ҷо овардааст?
  • Намедонам.
  • Шояд Фарҳод Замирро?
  • Ҳамин ба ҳақиқат наздиктар аст.
  • Пас чӣ бояд кард?
  • Он ҳалқаи гумшуда аллакай ҷило дод. Ёфта гирифтану ба шадда ҳамроҳ намудани он аз донишу маҳорати касбии мо вобаста аст.
    Занги телефон садо доду Ҳамид Ҷовид гўшакро бардошт.
  • Домулло, корҳо чӣ хел?
  • Корҳо бад, аз ин бадтар шуданаш ба гумон.
  • Бовар намекунам.
  • Метавонед омада бинед.
  • Сари субҳ медароям.
  • Танҳо дасти холӣ набиёед.
  • Акнун фаҳмидам.
пешина
аз 527
навбатӣ