Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳоле ки сарвари ШКД аз шикасти амалиёт сару калобаашро гум намуда буд, сардори бахши дуюми милиса сержанти милиса Алӣ Сафо ба дафтари кории Ҳамид Ҷовид ангушт зад.

  • Марҳамат, дар кушода!
  • Рафиқ полковник...
  • Хуш, чӣ хабар?
  • Ҳамааш дар ҳамин ҷо, - гўён сержанти милиса Алӣ Сафо боз чанд қадам ба тарафи мизи кории Ҳамид Ҷовид гузошта, коғазҳои дар дасташ бударо ба дасти сардор дод.
  • Марҳамат шинед, - ба тарафи сержант ишора намуда гуфт Ҳамид Ҷовид ва худ ба мутоилаи коғазҳои овардаи сержант пардохт...
    Соати 11.18 дақиқа объекте, ки аз квадрати чоруми маҳаллаи шаступанҷум аз хизмати телефон - автомат истифода бурдааст, ба телефони рақами 22 44 6...алоқа барқарор намудааст.
  • Оҳ-ҳо ин рақам шинос менамояд, - гуфт Ҳамид Ҷовид ва лаҳзае ба андеша рафт...
    Сипас аз ғалладони мизи кориаш дафтарчаашро, ки аслан рақами телефонҳоро менавишт, бароварда, варақгардон намуд.
  • 22- 44 6... Хушдил Одил, - бо овози нимшунаво гуфт ў ва ба тарафи сержант рў оварда гуфт: - Ҳарчи тезтар матни гуфтугўи объектро бо ҳамин рақам дастрас намоед!
  • Хуб шудааст рафиқ полковник! - гўён сержант Алӣ Сафо аз дар баромад.
    Баъди бист дақиқа сержант матни гуфтугӯи телефони ки таваҷҷуҳи сарвари милисаро бедор намуда буд, гирифта баргашт:
    “Салом!
  • Салом.”
  • Вохўрдан лозим.
  • Шуморо нашинохтам.
  • Ман он нафаре ҳастам, ки шумо тариқи телефон...
  • Акнун фаҳмидам.
пешина
аз 527
навбатӣ