Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Баъди як соат шуморо дар "Хаймаи Хайём" интизор мешавам, - гўён ҳамоне, ки занг зада буд, ба суҳбати хеш нуқта гузошт.
- Дуюм, ман Марказ, ба алоқа бароед, қабул.
-Марказ, ман Дуюм, шуморо гўш мекунам, қабул.
-Дуюм, худи ҳозир ба самти "Хаймаи Хайём" ҳаракат намоед, объект бо нафаре, ки аз телефон - автомат занг зада буд, нияти вохўрӣ дорад. То вохўрии онҳо боз ҳашт дақиқа вақт мондааст. Ба ёрии шумо гурўҳи сеюм таҳти сарвари капитани милиса Сорбони Ҳомид фиристода мешавад.
-Қабул, Марказ, шуморо фаҳмидам.
-Гурўҳи Сорбони Ҳомидро бо тамоми таҳҷизоти сабти овоз ба "Хаймаи Хайём" фиристед, - амр дод Ҳамид Ҷовид ба навбатдор ва тамоку даргиронда ба курсӣ такя намуд.
Баъди панҷ дақиқа гурўҳи сеюм ба роҳ баромад...
- Пул барои ҳамон нафаре лозим аст, ки шуморо дар рўзи сахтӣ даст гирифт.
- Ман фаҳмидам, вале шумо ҳам бояд бандаро фаҳмед.
- Шумо мефаҳмед, ман мефаҳмам, ин ҳунўз анҷоми кор нест. То даме, ки вай аз кишвар баромада наравад, мо худро аз хатар эмин дошта наметавонем.
- Шеф ҳамон вақт нагуфт, ки барои иҷрои чунин амал пул лозим аст.
- Наход ҳамин як чизи одиро нафаҳмидед.
- Аслан ба хотири шеф шуда, ман занг задам, то ки ҳодисае рух надиҳад.
- Чӣ ҳодиса рух медод?
- Вай худаш медонад.
- Набошад, ба худаш занг зада пурсед. Бубинед, бо як амали хеш шумо чӣ кор кардед!
- Чӣ кор кардам?
- Ҳам худ ва ҳам моро ба бало мондед.
-Ман намедонам, чӣ кор кунам? Сару калобаамро гум намудам.
-“Аввал андешаву баъд гуфтор” - гуфтаанд. Наход шумо ҳамин чизи одиро нафаҳмидед? - Маслиҳати мо ин хел набуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор