Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳамид Ҷовид боз байни чор девори бетонӣ танҳо монд, танҳо бо худу бо андешаҳои хеш. Дар хабари таъҷилӣ омада буд, ки дар мактаби рақами ... воқеъ дар кўчаи Анзоб зане бо ҳамин ном аз фанни кимиё дарс медиҳад. Муаллима дар кўчаи Нурзод бинои 6, ҳуҷраи 9 иҷоранишин аст. Маҳз ҳамин охири хабар боиси нигаронии сарвари милиса гашта буд.
Модоме ки ў иҷоранишин аст, пас чӣ тавр метавон собит сохт, ки он дипломат бо ҳаштод ҳазор доллар дар дасти вай аст?
Тариқи мухобира гурўҳи назоратии дар маҳалаи шаступанҷум буда хабар дод, ки объект аз бино берун омад ва аз телефон - автомати пеши кассаи амонатгузорӣ ба куҷое занг зада, сипас ба мағозаи хӯрокворӣ даромада, баъзе майдачуйдаҳо гирифта, баъди сенздаҳ дақиқа боз вориди бино шуд.
Ў дар қабати сеюми бинои чорошёна дар ҳуҷраи рақами 32 зиндагӣ дорад.
- Назоратро давом диҳед ва кушиш намоед, ки шуморо гумонбар нашавад, - амр дод сарвари ШКД, ки суханони вай аз номи "Марказ" ба гурўҳи дуюм дода шуданд.
- Марказ, шуморо фаҳмидем. Дуюм.
Ҳамид Ҷовид тамоку даргиронда хокистардони мармаринро ба пеш кашид...
Ҳанўз занги телефонии объект аз телефон-автомати квадрати чоруми маҳаллаи шаступанҷум мавриди таҳлил қарор дошт, ки Дуюм Марказро ба алоқа даъват намуд.
- Дуюм, Марказ дар алоқа, қабул.
- Марказ, объект даҳ дақиқа пеш аз манзилаш ба самти роҳи калон баромад ва акнун нияти ба таксӣ нишастан дорад.
Амри минбаъдаи шуморо интизорем. Қабул. - Дуюм, объектро аз мадии назар дур насозед! Қабул.
- Марказ шуморо фаҳмидам.
Баъди панҷ дақиқа Дуюм аз нав Марказро ба алоқа хонда, хабар дод, ки дар чорроҳаи кўчаҳои Н. Қарабоев ва А.
Деҳотӣ объект аз маддии назари онҳо гум шуд. - Дуюм, ба маҳалаи аввалаи хизмат баргашта, интизори амри навбатӣ шавед. Ҳушёриро аз даст надиҳед! Қабул.
- Марказ, шуморо фаҳмидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор