Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Гуфтам - ку шумо озод.
- Ман метавонам равам?
- Бале. Шумо то охири тафтишот бо мо дар тамос бошед.
Ана, ба ин коғаз имзо намоед! - Ин чӣ?
- Забонхат барои аз манзили зист ба ягон ҷо нарафтан.
Баъди оне ки калон (прокурори болоӣ дар назар аст) сари маро "сила" намуд, банда дар ин бора қарор баровардам.
Марҳамат, қарорро ҳам хонда имзои хешро гузоред. - Бубинед, ҳамааш коғазбозӣ.
- Чӣ илоҷ, кори мо ҳамин.
Дороб Қамар ба қарори прокурор имзо гузошта, интизори амри навбатӣ шуд. - Сержант, ҳамаи он майда - чўйдае, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ гирифтед, ба Дороб Қамарович баргардонед ва ўро гусел намоед!
- Хуб шудааст, - гўён сержанти милиса ҳамроҳи Дороб Қамар аз дафтари кории прокурор Асад Ғанӣ берун шуданд.
“Канӣ бинем, мўйсафед чӣ кор мекунад?” - аз дил гузаронд прокурор ва тамоку даргиронда, ба курсӣ такя намуд. Чун аз дуди тамоку асабаш каме ором шуд, ба Ҳамид Ҷовид занг зада, ўро огоҳ намуд, ки бе фикри Дороб Қамар набошад. - Иншооллоҳ, мо то фардо ўро боз ба ихтиёри шумо мефиристем, - бо дили пур хабар дод сарвари ШКД.
- Чӣ илоҷ, бандаро ба ҷуз интизор шудан дигар чорае нест. Аминам, ки ин таваккали мо барабас нахоҳад рафт?
- Иншооллоҳ, ҳамааш нағз мешавад.
- Аз вай хату хабар нест?
- Аз кӣ?
- Аз вай духтарак.
- Аз Ёсуман?
- Бале.
- То кунун не.
- Дар амони Худо бошед. Рафту агар навигарие шуд, бандаро ҳам ба ёд биёред!
Дар ҳоле ки дуди ғализи тамоку болои сараш чарх мезад, Асад Ғанӣ оид ба корҳои дар як шаб ба сомонрасондаи Ҳамид Ҷовид андеша намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор