Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Муъминова дўзанда аст ва шахсан ман ҳеҷ намефаҳмам, ки ўро ба куҷо фиристам.
- Фарз намудем ба таҷрибаомўзӣ.
- Ба куҷо?
- Беҳтар мешуд, ба навоҳии Рашт ё Хатлон.
- Магар ин мумкин аст?
- Албатта, - гуфт сардори ШКД Ҳамид Ҷовид ва чанд рақамро дар телефони мобилиаш зер намуд.
- Шуморо гўш мекунам.
Ҳамид Ҷовид мақсади хешро ба он нафари дар алоқа буда баён намуд. - Ман аллакай супориш додам, бемалол метавонед вайро фиристед.
- Ташаккур, дўстам, - гўён Ҳамид Ҷовид ба алоқа нуқта гузошта ба тарафи мусоҳибаш рў оварда гуфт:
- Вайро ба навоҳии Рашт фиристед.
Сардори комбинати хизмати маишӣ фаҳмид, ки масъалаи ба ноҳияи Рашт фиристодани Муъминова дар бинои милиса кайҳо ҳаллу фасл шудааст ва дар ин бора милисаро марому мақсади хеш аст. Ба замми ин, худи сарвари милиса вайро огоҳ намуд, ки… - Ман мефаҳмам, - гўён соҳибмулк аз ҷой бархеста, аз чойҷўш ба ду пиёла об рехта, қаҳва тайёр намуда, якеро пеши меҳмон ва дигареро пеши худ гузошта гуфт:
- Рафту Ҷамила Холмуродовна ба рафтан розӣ нашавад - чӣ?
- Мо ба таҷрибаю дониши шумо боварӣ дорем.
- Майлаш, кўшиш мекунам.
- Ташаккур, - гўён Ҳамид Ҷовид қаҳваро нўшиду аз ҷой бархеста гуфт: - Агар ба хона рафтанӣ бошед, шуморо ҳам барем.
- Ман дар бинои рӯ ба рӯ зиндагӣ мекунам, - гуфт сардори комбинат.
- Чӣ илоҷ, акнун ҳамаи умеди мо ба шумо Мавлуда Нуровна.
- Шумо озод!
- Нафаҳмидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор