Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Агар вай гунаҳкор мебуд, бо ҳама малакаю донишаш симкортро намепартофт?
- Ўро мақсаду маром шояд дигар аст.
- Чӣ хел мақсаду маром?
- Ў танҳо тариқи ҳамин симкорт метавонад бо нафарони наздики хеш дар тамос бошад. Аз нуқтаи назари мо рақами ин симкартаро танҳо гурўҳи хурде медонаду бас. Ба таври дигар гўем он чун бонги хатар ба амалиёти "SOS"103 аст.
- Кӣ он бонги хатарро бояд менавохт?
- Шумо Ҷамила Холмуродовна.
- Ман?
- Бале!
- Чӣ хел?
- Бо супориши собиқ ҳамсоя, ки акнун паси панҷара нишастааст.
- Супориши вайро ман метавонам тариқи дигар телефон ҳам иҷро намоям.
- Рақами телефони дар симкорт буда рамз аст, яъне калид баҳри кушодани коре. Ин рақамест, ки шунавандаро баҳри амале ё худ коре ҳидоят хоҳад кард.
-Шумо онро санҷида дидед, ки дар он ягон рақам сабт аст?
-То ҳозир собиқ ҳамсояатонро дуруст нашинохтаед.
-Ман ўро кайҳо шинохтаам. Ў дар қалби ман чун ҷавонмард маскан гирифтааст ва агар аз осмон ситора биёред, ман ба шумо бовар намекунам, чунки Дороб Қамар гуноҳе надорад…"
Сорбони Ҳомид коғазҳои болои мизро ба ғалладон гузошта, чароғро хомўш карда берун баромад. То кунун моҳ ба сайри замин набаромада буд, вале кўчаҳои шаҳр аз чароғи барқӣ, ки замоне “нури Иличиашон,” мегуфтанд, фурўзон буданд. Ба ҳама сардии ҳаво ва мондагии хеш нигоҳ накарда, ду истгоҳро пиёда тай намуд. Рўзи сипаришуда аз рўзҳои пешин қариб, ки монданӣ надошт, ба ҷуз он ки Дороб Қамар
103 “SOS” – бонги хатар, аз киштии ба фалокат дучор шуда, ки маънои:
“Ҷони моро наҷот диҳед” – ро дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор