Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Он кас нагуфт, ки дар ба гарав гирифтани кўдаки шашсола ва ҳамчунин дар куштори Фарҳод Замир даст дорад.
  • Чӣ хел? Он рўзҳое, ки дар манзили ман буд, қадаме ба берун наниҳодааст.
  • Инро медонем.
  • Модоме ки медонед, пас чӣ тавр ўро дар куштори кадом як Фарҳоди Замир гумонбар шудед?
  • Ба фикрам, дўсти шумо, дар хориҷи кишвар савияи дониши хешро ниҳоят "сайқал" додааст.
  • Шуморо нафаҳмидам.
  • Дар хориҷи кишвар он кас командир буд, командири як гурўҳ ва командир ба ҷуз амру фармон ба коре даст нахоҳад зад.
  • Охир он кас дар хона маҳкам буданд.
  • Ана, ҳамин аст хатои шумо.
  • Чӣ хел хато?
  • Аз он чӣ ки бе асос ба дифояш дасту остин барзадаед.
  • Чӣ хел беасос, модоме ки дарро худам бо калид маҳкам карда мерафтам.
  • Боз гуфтед, ки дарро аз дохил кушодан мумкин аст, ҳамин хел?
  • Ҳа, гуфтам, вале кас наметавонад хонаи дўсташро бо дари кушода партофта ба ягон ҷо равад.
  • Ў ба ягон ҷо рафтагӣ нест?
  • Модоме ки аз хона набаромадааст, пас чӣ тавр кушторро содир намудааст?
  • Тариқи амр, тариқи фармон, тариқи супориш.
  • Чӣ тавр?
  • Инашро мо ҳозир гуфта наметавонем, вале гумон месозам, ки ҳамин симкорти аз дохили китоби "Ҷанг ва сулҳ"
    ёфтшуда худ ба саволҳои шумо ҷавоб хоҳад гуфт.
  • Кай?
  • Дар рўзҳои наздик.
  • Рафту симкортро ў бо чашми хеш надида бошад - чӣ?
  • Ба гумон аст.
  • Чаро?
  • Чунки на ҳар кас нақши ангуштони хешро аз чунин маводи хурд тоза мекунад. Шумо худ шоҳидед, ки ташхисгаркриминалист баҳри дарёфти нақши ангуштон онро бо хокаи махсус тоза кард, вале бе натиҷа.
пешина
аз 527
навбатӣ