Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хуш, кадомаш ба шумо бештар маъқул.

  • Сабти овозаш бошад, боз беҳтар.
    Асад Ғанӣ тугмачаи паҳлуи мизашро зер кард ва котиба пушти дар рост шуд.
  • Як чой биёред!
  • Хуб шудааст, - гўён котиба дарро пӯшид.
    Асад Ғанӣ телефони дастиашро болои мизи кориаш гузошта тугмачаашро зер кард.
  • Марҳамат худро муаррифӣ намоед?
  • Муъминова Ҷамила Холмуродовна, истиқоматкунандаи кўчаи Парвин, хонаи… ҳуҷраи…
  • Сабаби ба прокуратура омаданатонро гуфта медодед?
  • Ин ҷо ман барои исбот намудани бегуноҳии нафаре омадаам, ки дар ҷавонмардӣ аз Ҳотами Той монданӣ надорад, вале аз рўйи иҷрои вазифаи хизматиаш дар хориҷи кишвар ба таҳқири баъзе мансабдорони собиқ, ки бо гузашти замон худро мусичаи бегуноҳ тарошида, соҳиби курсии мансаб гаштаанд, гирифтор шудааст, омадаам.
  • Хуш, кӣ будааст он нафаре шумо ба дифояш дасту остин барзадед?
  • Дороб Қамар. Собиқ ҳамсояамон, ки ин субҳ ихтиёран ба милиса рафтааст, то бегуноҳии хеш собит созад, вале ба ҷойи ўро гўш намудан, баръакс ҳабсаш карданд.
  • Ман прокурори ноҳия шуда, аз ин ҳодиса хабардор нестам, вале шумо, ба фикрам, аллакай аз рафти тафтишот ҳам огоҳед?
  • Чунки банда ҷавонмардии он касро медонам ва намегузорам чунин як инсони пок мавриди таҳқиру таҳдид ва туҳмат гардад…
    Котиба чой овард ва ҳарду давоми суҳбати Ҷамилабонуро сари як пиёла чой гўш намуданд.
  • Хуш, чӣ хел?
  • Бад не.
  • Боз чӣ мехоҳед?
    -Дар манзили Муъминова кофтуков гузарониданамон лозим.
пешина
аз 527
навбатӣ