Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ба андешаи Сорбони Ҳомид баҳри дайн намудани гуноҳи Дороб Қамар танҳо як ҳалқа намерасид, ҳалқаи хурде, ки аз набуданаш ҳам ба шадда зиёне намерасад, вале соҳиби шадда аз андешаи бади мардум ҳаросида онро истифода намебарад.
--Ба ҷуз ёфтани он ҳалқа дигар моро роҳ нест, - гўён капитани милиса аз ҷой бархест то сари андешаҳои хеш дуюмбора бо прокурор суҳбат намояд, вагарна бе дастгирии сарназоратчии қонун дар манзили истиқоматии шаҳрвандон гузаронидани ҳама гуна корҳои кофтуковӣ манъ аст. Ба замми ин, муфаттиши прокуратура баҳри пурра гардонидани нишондоди Дороб Қамар бояд бо он нафароне, ки алибии бегуноҳии вайро тасдиқ мекарданд, вомехўрд. Ҳоло ин тарафи кор дар кадом сатҳ буд, Сорбони Ҳомид намедонист, вале як чиз барои вай мусаллам буд, ки Муъминова низ бозичаи дасти Дороб Қамар гардидааст. Бечора соҳибхона аз куҷо донад, ки Дороб Қамар чӣ кас аст?
Соате пас ў боз ба дари прокурор ангушт зад.
- Омадед?
- Бале.
- Хуш, Дороб Қамарро дидед?
- Дидам.
- Вай гуноҳе надорад ва ўро бояд сар диҳем?
- Баръакс, вай дар куштори Фарҳод Замир даст дорад.
- Далел?
- Агар шумо моро даст гиред, он далелро ҳам меёбем.
- Ҳисоб намоед, ки банда ҳамақидаи шумоям.
- Мо бояд ҳарчи тезтар бо он ду зане, ки бегуноҳии Дороб Қамарро собит намоянд, вохўрем. Танҳо баъди пурсиши Муъминова ва он дугонааш, ки боре Дороб Қамарро дар кўчаи Парвин дидааст, мо метавонем ба таҳлили ҳодисаҳо пардозем.
- Рафиқ капитан, метавонед осуда бошед, дар ҳоле ки ҳанўз шумо ва Фирдавси Ҳаким ба назди Дороб Қамар нарасида будед, хонум Муъминова ана ба ҳамин даре, ки худи шумо лаҳзае пеш ворид шудед, ангушт зад. Банда на ин ки протоколи пурсишашро гирифтам, балки овозашро ҳам ба диктофон сабт намудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор