Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

ҷавонмарди боиродаю хунсард аз забони шоири инқилобӣ майор Абулқосим Лоҳутӣ чунин насиҳат кард:
-Дарвозӣ, сухан на танҳо шакар, балки заҳр ҳам ҳаст ва аксари суханҳои худат, бачаи боба, қалби бисёр чапдастонро шикофтанд. Ба ростӣ, ман худам гоҳе дар танҳоӣ дар бораи шумо, рафиқ капитан, андеша мекунам ва дар ин бора андешаҳоямро боре ба худи Ҳамид Ҷовид ҳам гуфтам, илтимос андеша намо.
Туро рўзе ба куштан медиҳад ночор Лоҳутӣ, Забони ростгў, ё қалби оташбор, ё ҳар ду…
Сари ҳамин суханоне, ки қариб як аср пештар гуфта шудаанд, андеша намо!
Аз байн қариб ду сол гузашт, вале Сорбони Ҳомид дигар нашуд, ки нашуд. Асад Ғанӣ ба хулосае омад, ки он чӣ ба шир дар бадан рафт, он гоҳ биравад, ки ҷон зи тан рафт. Акнун эҳтироми вай нисбат ба бачаи боба, ки ин номро ба ў собиқ прокурор (руҳаш шод бод) Соиб Сулаймон гузошта будааст, боз ҳам зиёдтар шуд…
Асад Ғанӣ хеле баъд фаҳмид, ки забони бачаи боба ба лаҳҷаи аслии дарвозиҳо монанд нест. Ҳарчанд ба қавли худи дарвозиҳо ў вахёчӣ аст, вале барои Асад Ғанӣ ў чун бачаи боба буд ва боқӣ монд, зеро худи капитани милиса боре ҳам дар ин бора эътироз накардааст. Дар ҳама кор эътироз мекунаду дар ин хусус не. Ҳамаи инро сабаб шояд он аст, ки ў Тоҷикистони азизашро ба порчаҳо тақсим кардан намехоҳад.
Барои ў фарқе байни Дарвозу Вахё ва ё Хатлдону Суғд нест.
- Мо ҳама зодаи як диёрем, ки онро Тоҷикистон ном аст ва ба хотири ҳамин ном моро тоҷик мегўянд, - боре худи Сорбони Ҳомид ба кунҷковиҳои Асад Ғанӣ чунин посух гуфт тамом вассалом…
Ба дар касе ангушт зад ва сарназоратчии қонун гулӯ рӯшан намуда, ба даромаданаш рухсат дод. - Мумкин ?
- Канӣ биё, дарвозӣ.
Сорбони Ҳомид вориди дафтари кории сарназоратчии қонун гашта, баъди салому ҳолпурсии кӯтоҳ ба курсие, ки Асад Ғанӣ нишон дод, нишаст. - Ба фикрам, аллакай хабар доред?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор