Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Новобаста аз он ки прокурор тамоми паҳлуҳои қонуни ҷиноиро аз сару бар медонист, вале дар таҷрибаи кориаш боре ҳам ба чунин ҳолат рў ба рў наомада буд. Дар рафти суҳбати на чандон тӯлонӣ фаҳмид, ки Дороб Қамар мурғи баландпарвоз аст, мурғест, ки ба қафас андохтани вай кори саҳл нест. Ў метавонад чандин тафтишгарро ба лаби дарё ташна бурда, ташна бозгардонад.
Ҳарчанд Дороб Қамар аз нигоҳи аввал ба прокурор маъқул нашуд, вале ба хотири мўйро аз хамир ҷудо намудан Асад Ғанӣ бо ў ҳамақида буданашро иброз намуд. Дар бинои раёсати шаҳрии милиса ў протоколро дар бораи боздошти муваққатии Дороб Қамар имзо гузошта, сипас ба прокуратура омад. Аз рўйи қонун мебоист тайи се шабонарўз масъалаи бегуноҳӣ ё гунаҳкории нафаре, ки худ ихтиёран ба милиса барои собит намудани бегуноҳиаш омадааст, ҳаллу фасл мешуд. Роҳи сеюм набуд…
Тамоми роҳи аз раёсати шаҳрии милиса то ба бинои прокуратура омадан Асад Ғанӣ сухане ба забон наовард.
Танҳо баъде, ки ронанда мошини хизматиро дар рў ба рўйи бинои прокуратура боздошт, Асад Ғанӣ ўро ҳушдор сохт, ки баъди ду соат ба ҳамин ҷо биёяд ва худ интизори ҷавоби ронанда нашуда, аз зинаҳои пеши бино ба боло баромад.
Баробари вориди дафтари кориаш шудан ў ба Сорбони Ҳомид занг зад, чунки дар тамоми роҳ вай сари масъалаи бо кӣ маслиҳат бояд кард, андеша намуд ва номзади беҳтаре дар ин хусус ба ҷуз бачаи боба, ки пайвандгари асосии ду соҳил дар ҷиноятҳое, ки тайи қариб ду моҳи охир дар истеҳсолоти прокуратура буданд, наёфт.
Прокурор ба курсӣ такя намуда, машварати ба наздикӣ доштаи хешро, ки баъди бозгашти муфаттиш Фирдавси Ҳаким ва капитани милиса Сорбони Ҳомид барпо намуда буд ва суханронии бачаи дарвозиро ба ёд овард. Дар ин бора ў боре дар танҳоӣ аз рўйи қарзи инсонии хеш баҳри ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор