Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Чӣ илоҷ, модоме ки намояндаи прокуратура худро аз ҷустуҷўи Ёсуман барканор гирифтанист…
- Дар ин солҳо бандаро агар дастоварде ҳам насиб гашта бошад, ин танҳо ҳуҷҷатгузорист. Дар корҳои ҷустуҷўӣ бошад, хайр худатон медонед, рафиқ капитан…
- Аз куҷо донам.
- Дар корҳои ҷустуҷўи бошад, банда бум - бум, - ангушти ишоратиашро дар сараш тоб дода гуфт муфаттиш.
- Хоксорӣ мекунед?
- Не, ба ростӣ мегўям. Дар дунё ҳар кас бояд ҳамон кореро ба анҷом расонад, ки аз он манфиате баҳри ҷамъият ҳаст.
- Нуқтаи назари шефат чӣ хел?
- Намедонам. Ҳа, воқеъан, як рўз ман аз болои худат ба шеф шикоят намудам. Ба ростӣ, ман шикоят намуданро ҳам бад мебинам, вале чун фаҳмидам, ки шумо бандаро назаратон нагирифт…
- Боке нест.
- Чиро дар назар доред?
- Шикоят танҳо аз болои нафаре мекунанд, ки аз вай манфиатеро ҷўёянд. Аз болои симчўб ё дарахти бесамар то кунун касе шикоят набурдааст.
- Ба хунсардии шумо ман қоил, рафиқ капитан.
- Акнун рухсат диҳед аз пайи супоришатон шавам.
- Шояд як пиёла чой…
- Маротибаи дигар, - гўён Сорбони Ҳомид бо муфаттиш худоҳофизӣ намуд.
- Ёсуман аҷаб номи зебое. Наход зан бо чунин номи зебо ин қадар хунсард шавад?
Тамоми роҳ ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ андешаи онро намуд, ки оё ўро шиносе бо ҳамин ном ҳаст ё не? То ба милиса расиду ба саволи хеш ҷавобе наёфт. - Акнун Ёсумани аслиро пайдо намудан лозим ва маҳз ҳамин Ёсуман шиноси аввалини ман хоҳад шуд, - зери лаб гуфт вай ва по ба остонаи коргоҳ гузошт…
Хун ҳамеша ба тарафи хун такя мекунад, на ба тарафи устухон. Ҳарчанд Шамси Солеҳ кайҳо боз бо тағояш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор