Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Ҳамид Ҷовид ба хубӣ дарк намуд, ки танҳо ҳуҷум онҳоро аз муҳосира бароварда метавонад. Дафтари кории сарвари ШКД баъди эътирози мухолифин штаби фронтро мемонд.
Тамоми хабарҳои расмию ғайрирасмӣ ба таври фаврӣ санҷида ва таҳлил карда мешуд. Танҳо баъди ин факту рақамҳои аз ғалбер гузашта чанд сатреро дар гузориши расмӣ ба иҷора мегирифтанду сарвари ШКД бо имзои хеш баҳри ҳаракати онҳо ба боло рухсат медод.
Муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳакимро дар ин шабу рўз шинохта намешуд. Ў ба тамоми мақомоти корҳои дохилӣ он қадар супоришҳои ҷудогона фиристод, ки дар як соли охир нафиристода буд. Маҳз супориши ҷудогонаи дуюми вай сабаб гашту ба пӯстини Ҳикмати Зариф ва зердастони вай, ки дар минтақаи ороми Файзбор милиса буданашонро ҳам қариб аз ёд бароварда буданд, дубора кайк афтид. Бо супориши Ҳикмат Зариф гурўҳе таҳти сарварии майори милиса Одина Валихон аз пайи иҷрои супоришҳои муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма камари ҳиммат бастанд. Натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаврии ҷустуҷўӣ буд, ки гурўҳи майори милиса Одина Валихон дар давоми се шабонарўзи баъди гирифтани супориши прокуратураи ноҳияи Сарчашма шахсияти занеро, ки субҳи
23 - юми сентябр ноболиғ Қодири Ашўр ўро дар маҳалаи сангчархи мавзеи Дударгӣ дида буд, муайян намоянд.
Ҳарчанд ба Одина Валихон ва зердастони вай муайян кардани фамилияи он зан имконият надод, вале номашро тариқи телефакс ба Сарчашма ирсол намуданд.
- Хонумро Ёсуман ном бурдааст, - чашмони аз бехобӣ варамнамудаи хешро молиш дода гуфт Фирдавси Ҳаким, ки аввалин шуда хабарро аз телетайп ба даст гирифта буд.
- Дар ин шаҳри калон кӣ медонад чанд Ёсуман аст,- хурсандии муфаттишро бармаҳал пиндошта гуфт Сорбони Ҳомид, ки даҳ дақиқа пеш аз гирифтани хабар бо даъвати муфаттиш ба прокуратура ташриф оварда буд.
- Ин тарафаш кори шумост, рафиқ капитан?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор