Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Замони ғулому каниздорӣ асрҳо боз вуҷуд надорад.
- На, дар муҳаббат.
- Ту агар кию чӣ кора будани бандаро донӣ, аҷаб нест, ки аз ман рўй нагардонӣ.
- Ҳеҷ гоҳ.
- Аз ёд набарор, ки ёрро ёре ҳаст ва пеш аз он ки дар бораи ман ба касе сухан гуфтан хоҳӣ, андешаи онро намо, ки мабодо ў низ сухани туро ба ёри дигараш набарад.
- Фаҳмидам, ҳамаашро фаҳмидам, ғолиби руҳу ҷони ман, фариштаи нигаҳбони ман, - гўён Ҷамила сарашро ба синаи собиқ ҳамсоя гузошта ҷисми хешро ба ӯ ҷафстар намуд…
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз, Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.
Фарҳоду Иброҳим ҳам дар байни афроди ба худ монанд, дар байни афроде, ки ба қонунҳои умумибашарӣ ҳамеша дар мухолифат буданд, мақому манзалати хосае доштанд.
Бародарони Раъно танҳо аз нигоҳи мардони шикастанафсу худотарс афроди ҷинояткор ҳисобида мешуданд, вале аз нигоҳи онҳое, ки чун худи онҳо андешаронӣ мекарданду ҳамеша дар сангарҳои муқобили қонун меистоданд, ҷавонмардони ба ору номӯс ҳисоб мешуданд.. Тайи чанд рўз буд, ки ҳарду бародар ба хотири шири сафеди модар ҷўёи он нафароне буданд, ки ҷиянашонро ба гарав гирифта. Аз рўйи корҳои ба нақшагирифтаашон, дар куҷо панаҳ бурдани Дороб Қамар ва дўстонаш барои онҳо кофӣ буд. Чун бахти онҳо омад мекарду ба ҳамин тарафи масъала рӯшанӣ меандохтанд, тақдири онҳоеро, ки кўдаки шашсоларо бозичаи бозиҳои пасипардагии хеш намуда буданд, ба милиса ҳавола мекарданд. Дигар кунда мекафид ё ҷувоз, барои онҳо фарқе надошт, муҳим он буд, ки модар баҳри фарзандон ҷазоеро, ки шариати Ислом гуноҳи азимтарин меҳисобад, раво набинад. Шири сафеди модар… Шире, ки тамоми минералу сафедаҳоро доро буду ҷонбахши тану руҳат гашт ва ба он чизи дигаре дар дунё баробар нест. Як сухани модар, сухани оне, ки туро бо шири хеш калон кард метавонад, дунёи охиратат бисўзад, дарҳои биҳиштро ба рўят баста гардонад, агар шири додаи хешро ба ту ҳаром хонад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор