Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Дилатонро дур набаред, ба замми ин шумо номатонро ҳам дурўғ гуфтед. Ба ростӣ, ман ба шумо қоил.
  • Чӣ хел?
  • Номатонро дурўғ гуфтеду ҳатто тағйироте дар чеҳраатон дида нашуд.
  • Аминам, ки шумо номи бандаро пешакӣ ба забон наоварда будед?
  • Не, албатта.
  • Чаро ў дари ҳуҷраи хобро кушод?
  • Аз куҷо донам? Ман ҳатто имконияти пеши роҳи ўро гирифтан наёфтам.
  • Кори хуб нашуд.
  • Метавонӣ осуда бошӣ. Кию чӣ будани Марҳаборо ман нағз медонам.
  • Ба ҳар ҳол аз девори каҷ ҳазар.
  • Эй биё мон, аҷаб воҳима кардӣ…
  • Рафту ў дар ягон ҷо лақида монад чӣ?
  • Намелақад.
  • Рафту…
  • Дилатро дур набар.
  • Дар вазъе ки банда қарор дорам, ин ба гуфтан осон.
  • Охир ман ҳам наметавонам, ки як умр дарро ба рўйи ҳаққу ҳамсоя баста монам. Таомули мо мақоми ҳамсояи наздикро аз бародари дур боло гузоштааст.
  • Барои ҳамин ҳам рафтанам беҳтар.
  • Ба куҷо?
  • Ба куҷое рост ояд.
  • Не, ман туро дигар ба ягон ҷо рафтан намедонам.
  • Пас таомул чӣ мешавад?
  • Аз ҳамин соат эътиборан дигар касе пой бар остонаи ин хона нахоҳад гузошт.
  • Ба кадом хотир.
  • Ба хотири ту, ба хотири ту фариштаи нигоҳбони ман!
  • Боз нашаваду…
  • Не, намешавад ором бош, дузди ман.
  • Ман дузд не.
  • Ту дузди қалбу руҳи манӣ! Агар хоҳӣ банда як умр канизи ту гардам.
пешина
аз 527
навбатӣ