Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Чун оғози андешарониҳои вай нек омад, ў худ ба анҷоми неки кор умед баст…
Аёдати Фарҳод ва Иброҳим ба кулбаи хоҳар ин ифодаи иродаи худи онҳо набуда, балки талаби бевоситаи модар будааст, ки дар тарозуи вақт шири сафедашро гузошта буд.
Аз санҷаи дари хонаи умед ноумед баргаштани Раъно як тӯфонеро дар ниҳоди модар ба туғён овард.
Чун рабудани Шерзоди шашсола ба гўши бибиаш расид, он тӯфони ба туғёномада аз дили кучаки кампир берун ҷаст ва ў дигар худро дошта натавониста, борони маломатро ба сари писаронаш фурӯ рехт.
- Дониста монед, агар онҳоеро ки набераи маро ба гарав гирифтаанд, ёфта ба милиса насупоред, шири сафедамро ба шумо намебахшам.
- Эй кампири содда, ақлатро хӯрдӣ! Милиса медонаду он роҳзанҳо, аз суханони кампираш шӯрида рафт падари Фарҳоду Иброҳим.
- Ман аллакай суханамро гуфтам, - дигар ихтиёр туросту писаронатро.
Ин сухани модар чунон нишонрас шуд, ки Фарҳоду Иброҳим - ҳамон нафароне, ки ҳамагӣ чанд рўз пеш хоҳарашон Раъноро аз санҷаи дари хонаашон ноумед намуда, пас гардонида буданд, қасами хеш шикастанд ва ба кулбаи хоҳар ташриф оварданд.
Ташриф он тараф истад, онҳо хоҳар ва язнаашонро маломат намуданд, ки чаро аз лаҳзаи аввали рабудани Шерзод онҳоро огоҳ накарданд.
Чунин ранг гирифтани корро на танҳо язнаашон, ки баъди гуфтушуниди бенатиҷа дар сари хоҳарашон чормағз шикаста, ҳамаи бадбахтиҳои ба сараш омадаро ба зиммаи бародарони ҳамсараш бор кардан мехост, балки худи Раъноро низ ба тааҷҷуб овард…
Онҳо ҳеҷ фаҳмида натавонистанд, ки чӣ сабаб шудаасту раҳму шафқат дар дили ин ду тан ҷой гирифтааст.
Бародаронро шунида Раъно ба гўшҳои хеш бовар намекард, ки рабудани Шерзод онҳоро чунин ба риққат оварда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор