Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбони Ҳомид адади 43 - ро дар ҳалқа гирифта, ба тарафи соҳиби дафтари корӣ нигариста гуфт:

  • Дар дидбонгоҳ ному насаби мусофирон ба қайд гирифта мешавад?
  • Не.
    Тарбуз аз бағали вай афтид. Баъди ёфтани фамилияи Наимов ў бисёр мехост номи ҳамсафари вайро ҳам дарёбад, вале ҳамааш аз бад бадтар шуд, ҳарчанд Сорбони Ҳомид боварии пурра ҳам надошт, ки фамилия таҳти рақами 43 аз "Китоби қайдҳо" ба блокноти вай кӯчбаста ҳам таваҷҷуҳи ўро як моҳи охир бедор намудааст.
  • Ному насаби мусофиронро дар куҷо ба қайд мегиранд?
  • Дар дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ.
  • Дар ҳамин самт чунин дидбонгоҳ дар куҷост?
  • Ҳамагӣ чанд километр болотар аз Файзобод ва боз дар ҳамаи дидбонгоҳҳои ба самти Рашт ва Бадахшон мерафта, - ба саволи меҳмон посух дод сардори БДА.
    Дигар дар Файзобод истодан маъние надошт ва Сорбони Ҳомид бо сарвари БДА лейтенанти калони милиса Зардов худоҳофизӣ намуд.
    Тамоми роҳ ў сари ному насаби Наимов М., ки дар дафтари қайдҳояш таҳти рақами 43 ба қайд гирифта буд, андеша намуд. Наимов М. ба Мустафо Наим, ки ҳангоми сўхтор дар кўчаи Сурхоб ҷони хеш аз даст дода буду баъди чанде мутахассисон марги ўро аз рўйи ғараз арзёбӣ намуда буданд, муносибате дошт ё не, ў намедонист…
    Чун сари ин масъала муроде ба даст наомад, Сорбони Ҳомид сари адади 43 андеша намуд. Аслан дилаш гувоҳӣ медод, ки 43 адади таърихист. Баъди андешарониҳои зиёде дар ҳоле ки аз фикри зиёд сараш ба дард омад, дар замоне мошине, ки вай савор буд, ба дарвозаи шаҳр дохил шуд, ў ба ёд овард, ки 2 - юми феврали соли 1943 дар Сталинград армияи сесадҳазорнафараи фашистӣ таҳти фармондеҳии фелдмаршал Паулюс аз муҳосира баромада натавониста таслим шуд. Дар ҳоле ки ў аз паҳлуи мақбараи ҳазрати Ёқуби Чархӣ мегузашт, ба ёд овард, ки 2 - юми феврал зодрўзи бародараш Наҷиб аст…
пешина
аз 527
навбатӣ