Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

сангчарх дидбонгоҳи БДА - ро убур намуда, ба самти Хоруғ ҳаракат намудааст. Дили Сорбони Ҳомид каме таскин ёфт. Ў фаҳмид, ки аз назди дидбонгоҳи мазкур ҳеҷ кас бе рухсат гузашта наметавонистааст.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бори дигар вохўрии ҳамагӣ як шабонарўз пештар доштаи хешро бо писарбачаи ёздаҳсола Қодири Ашўр ба ёд оварда, онро дар мизони ақл баркашид. На танҳо вай, балки Ҳикмат Зариф ва Муртазо Дўст низ баъди ташрифи пасипардагии Дарвеши Мўсо, ки мақсаду мароми асосиаш на ҷамъоварии пашму пӯст, балки ба даст овардани маълумоти бештаре дар бораи он сангчарх буд, ба суханони он писарбача боварӣ доштанд:
"Баъди чанд лаҳза ман ба он гардиш расидам ва он ҷо таксиеро дидам. Нигоҳ кунам, аз қадова як марду як зан боло мебаромаданд. Дар дасташон як дипломати сиёҳ буд.

  • Онҳо худатро диданд?
  • Не.
  • Чӣ хел ?
  • Ман паси харсанге пинҳон шудам.
  • Он марду зан чандсола буданд?
  • Намедонам. Ҳа, ба ёдам омад. Ман ҳамон вақт ҳам гуфтам, ки он зан чун муаллимаи мо Собирова буд.
  • Муаллима Собирова чандсола аст?
  • Намедонам, вале то ҳоло ба шавҳар набаромадааст.
  • Мард чӣ?
  • Ў ҳам чун акаи Муртазо /Муртазо Дўст дар назар аст/ ё шояд каме ҷавонтар.
  • Пас онҳо он дипломатро куҷо карданд?
  • Ба таксӣ нишастанду бо худ бурданд.
  • Ба кадом тараф?
  • Ба ҳамон тарафе, ки ман аз он ҷо омадам.
  • Мошинашон чӣ хел буд?
  • Таксӣ буд, таксӣ.
  • Рақамро дидӣ?
  • Не.
  • Чӣ хел рақамашро надидию таксӣ буданашро фаҳмидӣ?
  • Чунки рақамаш дар зери хоку лой буд ва ман ҳангоми аз паҳлуи он гузаштан ба рақамаш чандон аҳмият надодам. Чун он марду занро дидам, ки ба тарафи ман омада истодаанд, давида паси харсанги калоне пинҳон шудам, вале аниқ дар ёдам ҳаст, ки дар паҳлуи дараш нишонаи таксӣ дошт.
пешина
аз 527
навбатӣ