Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳз дар ҳамин лаҳза Сорбони Ҳомид ба кӣ шабеҳ доштани ин марди қоқи дарозро, ки назди бечорае ў хоҷа асту назди калоне ғулом ба ёд овард. Сардори шуъбаи БДА аслан ба Калтенбрунер92 чун себи дукафон буд.

  • Узр рафиқ полковник, узр, - чанд қадам ба тарафи меҳмони пушти дар гузошта гуфт лейтенанти калон ва теғи нигоҳашро, ки ўро ба Калтенбрунер монанд мекард, ба сўи сержант, ки акнун паҳлуи меҳмон рост меистод, дӯхта суханашро идома дод:
  • Ҳайфи касе шуморо ба милиса қабул кардааст. Наход як даҳон гапро нагўед, ки меҳмон кист. Бо ин амали хеш, рафиқ сержант, ҳам худ ва ҳам бандаро ба хиҷолат мондед. Ана, ҳамин хел рафиқ сержант. Узр, рафиқ полковник, боз ҳам узр, марҳамат гузаред.
    Сорбони Ҳомид аз чунин ранг гирифтани вохўриаш бо сарвари БДА табассум намуда, мақсади ташрифашро баён намуд.
  • Ҳамааш хуб мешавад, рафиқ полковник.
    Ў гўшакро бардошта чанд рақами телефонро гирифту амри полковникро нарезондаю начаконда ба шахси масъул расонид.
    Ҳамагӣ чанд дақиқа пас ҷавоне, ки рутбаи лейтенанти хурди милиса дошт, рухсат пурсида, китоберо ба дасти лейтенанти калон дод.
  • Шояд мо худамон он мошини меҷўстагии шуморо дарёбем, - ба тарафи Сорбони Ҳомид нигариста гуфт сардори
    БДА.
  • Ташаккур, ман худам мебинам, - гўён Сорбони Ҳомид китобро ба даст гирифта, аз сумкаи сафарияш дафтари қайдҳояшро бароварда пешаш гузошт ва ба қироати китоб, ки ҳамагӣ ҳафтае пештар онро ба бойгони ШКД супурда буданд, пардохт. Сараввал ў номи Сайёд Ватан ва мошини вайро ҷуст. Чун дар китоб ҳаррўза таърихи рўз монда мешуд, аз рўйи ҳодисаи бавуқўъомадаи мавзеи Дударгӣ ёфтани номи Сайёд Ватан мушкилиеро ба бор наовард. Сайёд Ватан соати 02-38 дақиқаи шаб ҳамагӣ ду-дуюним соат пеш аз рух додани

92 Калтенбрунер – яке аз персонажҳои манфии филми ҳунарии “17 лаҳзаи баҳор” сардори хадамоти бехатарии Империяи гитлерӣ.

пешина
аз 527
навбатӣ