Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Дадои Шерзод, чӣ лозим коҳи кўҳнаро бо одан? - гуфт Раъно, ки акнун аз ташрифи бародаронаш хеле болидаруҳ гашта буд.
  • Коҳи кўҳнаро мегўӣ? Фаромўш накун, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ гуфтаанд, - паст наомада гуфт шавҳар.
  • Хайр шуд! - ба тарафи шавҳараш теғи нигоҳашро равона намуд зан ва чун боварӣ ҳосил кард, ки нигоҳи хашмгинаш аз мағзу устухони шавҳар гузашт, бародаронашро ба меҳмонхона таклиф намуд.
  • Мебинам, ки язнамулло ниҳоят аз мо ранҷидааст, - гуфт Фарҳод ва Шерзодро ба дасти додараш Иброҳим дода, худ чанд қадаме ба тарафи Хушдил гузошта, дастҳояшро пеши бар гирифта салом гуфт ва боз илова намуд: “Домулло, агар малоли хотирашон нашавад, аз гуноҳи мо гузашт намояд.” Сухани хуш морро аз хонааш мебарорад ва Хушдил низ аз шунидани суханони бародари ҳамсараш лол монд.
  • Хешу таборро озорӣ ҳасту безорӣ не, аминам маро мефаҳмед.
  • Албатта, - ба сухани язнааш посух гуфт Иброҳим.
  • Марҳамат ба меҳмонхона, - гуфт Хушдил ва бо хоҳиши меҳмонҳо худаш пой бар остонаи меҳмонхона гузошт.
  • Язнамулло як дуо, - хоҳиш кард тағои калони Шерзод.
  • Қадам расад бало нарасад, оллоҳу акбар, - гўён Хушдил даст ба рўй кашид ва дигрон ҳам омин гуфта, ба соҳибхона пайравӣ намуданд.
    Раъно аз хурсандӣ чӣ кор карданашро намедонист. Ў фаҳмид, ки дарди вай дарди бародаронаш ҳам будааст. Маҳз ҳодисаи рабудани Шерзод сабаб шуду баъди муноқишаи на чандон тӯлонии ҳафтае пеш рӯӣдода, бародаронаш ба суроғи ў ва фарзанди ягонааш омаданд. Аз он чӣ ки ҳамсараш ҳам дар нисбати бародаронаш дигар кинае дар дил надошт, ҷавонзанро хеле болидаруҳ намуд.
  • Хайрият роҳи хонаи моро ҳам меёфтед. Намедонам сангу хорро аз роҳатон кӣ гирифт? - дастархонро густурда истода гуфт хоҳар.
  • Хуб мешуд, ки сараввал ба мўйсафеду кампир занг зада, аз аҳволи худу хонадонат хабар медодӣ ва пас дастархон меовардӣ, - сухани хоҳарро бе ҷавоб монда гуфт Фарҳод.
пешина
аз 527
навбатӣ