Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўзи сеюми бозгашти Шерзод, дар замоне, ки дувоздаҳ соат пештар амалиёти милиса бебарор анҷомиду онҳое, ки дубора қасди ҷони ҳампешаи хеш намуда, аз таги бинии милиса ҷон ба саломат бурданд, ба дари хонаи Хушдил Одил бародарони ҳамхуни ҳамсараш ангушт заданд.
Аз дидани Фарҳоду Иброҳим Хушдил Одил он тараф истад, балки худи Раъно, ки дарро ба рўйи фарзандони падараш кушода буд, ҳайрон монд.

  • Шерзод канӣ? - баробари пой ба остона гузоштан гуфт Фарҳод, ки ҳатто салом намуданро, ки қарзи Парвардигор аст, ба гўшаи фаромушӣ дода буд.
  • Худаш чӣ гап? - даступо хўрда гуфт Раъно ва гумон кард, ки бародаронаш низ бо он гурўҳи одамрабо шариканд.
    Аслан барои чунин андеша рондан вай асос ҳам дошт. Замоне бародаронаш ҳокими мутлақи як диёр буданду ба қавле аз нўги кордашон хун мечакид. Шавҳари вай низ парвардаи бародаронаш буд. Модоме ки шогирд то ба чунин зинаҳо қадам ниҳод, пас, куҷост кафолат, ки устод…
  • Канӣ Шерзод? - дуюмбора суханашро такрор намуд бародари калонӣ.
  • О..о..он кас дар хона ч..ч..чи б..б…буд?- пурсид хоҳар.
    Фарҳод сухане нагуфта ба дохили хона рафт ва дари яке аз ҳуҷраҳоро кушод…
  • О, тағоҷонам омаданд, - гўён Шерзод давида дастонашро дар гардани Фарҳод, ки ба истиқболи ў қариб дуқат шуда буд, ҳалқа кард.
    Иброҳим низ хоҳару язнаашро, ки ҳайрон ба тарафи онҳо нигоҳ доштанд, ба гўшаи фаромўшӣ дода, ба дарунтари хона, ба он ҷое, ки бародараш ҷиянашро ба оғўш гирифта буд, ҳаракат намуд. Чун Раъно меҳрубониҳои бародаронашро нисбат ба фарзандаш дид, аз фикрҳои ботили ба майнааш омада шарм дошт магар ки дар чашмонаш ашк ҳалқа зад…
  • Чаро телефон карда, як даҳон гап назадед? - ба тарафи хоҳараш нигариста гуфт Фарҳод.
  • Раъно бо умеде ба назди шумо рафта буд, вале ўро аз санҷаи даратон ноумед карда пас гардонидед, боз чӣ мехоҳед?
  • ғаму андуҳи дилашро яку якбора кушода гуфт Хушдил Одил.
пешина
аз 527
навбатӣ