Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Рафиқ капитан, ман шуморо кофта гаштам.
  • Ман ҳам лаҳзае пеш шуморо ёд кардам, марҳамат аз навбатдор пурсед.
  • Ман бовар мекунам.
  • Чун на аз шумо ва на аз фотороботе, ки дар асоси нишондоди Озодаи Шафоат рўйи саҳна меомад, хабар нашуд, банда ба суроғатон омадам.
  • Аз дидоратон шодам. Агар бемалол бошед, ба дафтари кории банда баромада, боз соате интизор шавед.
  • Чӣ, шумо ба ягон ҷо шитоб доред ва чаро ман боз соате интизорӣ кашам?
  • Чунки маро Ҳамид Ҷовид ба наздаш ҷеғ задааст. Дар назди вай як дақиқа мемонам ё як соат, маълум нест.
  • Не, ман чунин вақт надорам, беҳтар мешуд, ки шумо худ ба прокуратура меомадед.
  • Насиб бошад, фардо субҳ.
  • Чаро имрўз не?
  • Чунки фотороботе, ки шумо интизораш ҳастед, имрӯз тайёр намешавад.
  • Хайр чӣ, - гӯён муфаттиш бо ў худоҳофизӣ намуд.
    Лаҳзае пас ў ба дари сардори ШКД ангушт зад ва чун овози Ҳамид Ҷовидро шунид, дарро кушода, вориди дафтари кории ў гашт.
  • Хуш, корҳо чӣ тавр?
  • Ҳамааш дар ҳамин ҷо,- гўён ў он диктофони хурдакаки дар ҷайбаш бударо болои мизи сардор гузошта тугмачаашро зер кард…
  • Ман Одилов Хушдил соли таваллудам…
    Тайи он муддате, ки механизми он асбоби хурдакак дар ҳаракат буд, ҳарду хомўширо ихтиёр намуда, гўш ба қимор шуданд…
  • Ба фикрам, ман дар бораи ҳамон отряди махсуси "Сипар" дар куҷое хонда ё шунида будам, - ниҳоят овоз рӯшан кард сардор.
  • Агар шунида бошед, танҳо дар Афғонистон.
  • Не, ман он ҷо набудам.
пешина
аз 527
навбатӣ