Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дороб Қамарро ҳам иштиҳояш баста шуд ва баъди нўшидани қаҳва пешхизматро назди хеш хонда, бо вай ҳисобӣ намуда, аз ҷой бархест.

  • Ҳамааш айби худам шуд. Тайи чандин соли ҳамкорӣ банда то ҳанўз ин ду манқурти лаънатиро нафаҳмидам. Ба онҳо гуфтан лозим буд, ки ба ҷуз аз саҳни ҳавлии истиқоматиашон рабудани писарбача аз дигар ҷой манъ аст.
    “Бояд ҳаминро ба онҳо хубтар мефаҳмондӣ,” - нидо омад аз қалбаш.
  • Одамӣ шири хомхўрда, кӣ медонист…
  • Дигар оҳу воҳро фоидае нест.
  • Рафту аз боғча ба милиса занг зада бошанд, корҳо расво мешавад, - зери лаб гуфт ӯ ва суръати қадаммониашро тезтар кард. Сараввал хост худаш ба Хушдил Одил занг занад, вале фикре ба сараш омаду аз райъаш гашт. Чун он писарбачаро сар диҳанд, ҳамааш маълум хоҳад шуд.
    Соате пас Сайф Насим занг зада, аз иҷрои амри гирифтааш хабар дод.
  • Назоратро давом диҳед, рафту хатареро ҳис намудед, ҳатман ба алоқа бароед, - гуфт Дороб Қамар ва аз зинаҳо ба поён қадам гузошт.

Баробари вориди бинои милиса шудан навбатдори ШКД хабар дод, ки муфаттиши прокуратура Фирдавси Ҳаким ба суроғаш омада буд.

  • Ҳоло вай дар куҷост?
  • Ба фикрам, дар дохили бино.
    Сорбони Ҳомид лаҳзае истод. Дар ҳоле, ки вай қарор дошт, вохўрӣ бо муфаттиш ба манфиати кор набуд, чунки дар тарозуи вақт ҳаёту мамоти як писарбача меистод.
  • Ман ба назди сардор медароям, рафту агар аз бино баромадан хоҳад монеа нашавед!
  • Монеаи чӣ?
  • Монеаи чӣ не, балки кӣ.
  • Фаҳмидам.
  • Бисёр хуб… Сорбони Ҳомид боз чизе гуфтан мехост, вале аз ошёнаи дуюми бино худи Фирдавси Ҳаким фаромад.
    Пайдошавии ногаҳонии муфаттиши прокуратура дар ошёнаи якуми бинои милиса пайдошавии замбӯруғро баъди борону тундар ба ёд меоварад.
пешина
аз 527
навбатӣ