Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Тайи чанд соати сафар амалиёти шербачаҳои манқурташ мавҷи андешаҳои ўро аз як соҳил ба соҳили дигар мепартофт. Ду рўзи дар маҳалҳои атрофи қаторкўҳҳои Дударгӣ гаштанаш, бахт ба рўяш нахандид. Дар ин ҷода ўро ҳам гунаҳкор кардан аз рўйи инсоф набуд. Дар ин муддат ў тариқи суҳбатҳои пардапӯшонаи хеш кўшиши зиёде ба харҷ дод, то оид ба он сангчарх маълумоти саҳеҳтаре ба даст оварад. Хайрият, ки ягон нафар аз мардумони он маҳалҳо аз мақсади аслии банда огоҳ нашуданд. "Аҷаб мардуми соддае, гумон карданд, ки бандаро каму камбудиҳои онҳо ба Файзбор бурдааст.
Хобатонро ба об гўед, эй мардуми содда, ними ҳаётатон дар орзуи он гузашт, ки кай марди некхоҳе омада, пашму пӯсти солҳо хобида ва кайҳо корношоям шудаи шуморо мехарад.
Бубинед, он мард ҳам омад ва аз шумо иззату эҳтироми беандоза ҳам дид, вале ними дигари ҳаётатон аз роҳпойи дар роҳи ў хоҳад гузашт. Чӣ мардуми гӯлу гумроҳе, гумроҳтар аз ин мардум дар ягон гӯшаи дунё бошад?"
“Хурсандии бармаҳал фоли нек нест,” - шунид ў садои қалби хеш.
- Худоё, наход…
- Рафту дар байни он мардуми содда гўшу ҳуши милиса бошад?
- Бовар намекунам.
- Ба чӣ?
- Ба он ки хабаркаше дар байни он мардум бошад.
- Девор муш - муш гўш дорад…
- Шуд, шуд, - гўшҳояшро дошта гуфт ӯ ва ронанда, мошинро боздошт.
- Чӣ гап шуд, чаро мошинро боздоштед? - пурсид мусофир.
- Дар асоси амри шумо мошинро нигоҳ доштам.
- Дар асоси амри ман? Ё тавба…
- Ҳа, дар асоси амри шумо.
- Чӣ хел амр, ҳеҷ намефаҳмам?
- “Шуд, шуд!” дод задед шумо ва банда аз саросемагӣ пой ба тормоз бурдам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор