Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Не, ман наметавонам. Ба шумо осон, ки Шерзод писаратон нест, мефаҳмед!
- Фаромўш накунед, ки Шерзод қурбони амалҳои ғайриқонунии худи шумо гаштааст ва банда дар ин ҷода гуноҳе надорам. Ман мефаҳмам, ки чун тафтишот мўйро аз хамир ҷудо кунад, банда ҳам бе ҷазо намемонам, вале ҳамаи ин нисбат ба он ки писарбачаи шуморо озод намоянд, ҳеҷ аст. Ман худи ҳозир ба милиса рафта, ба гуноҳам иқрор мешавам, бигузор бандаро барои хунукназариам ба ҳабс гиранд. Ман баъди ним соат аз бинои милиса ба шумо занг мезанам. Андеша намоед, боз ба шумо ним соат вақт медиҳам, - гўён Сафиябону тугмачаи дигари телефонро зер намуда, ба гуфтугўи беохир нуқта гузошт.
Сорбони Ҳомид чунин ранг гирифтани гуфтугўи телефониро интизор набуд, вале баъди суханрониҳои Сафия эҳтиромаш нисбати ў, ки ҳанўз аз лаҳзаи вохўриашон як соати расо ҳам нагузашта буд, зиёд шуд. Ҳарчанд ўро кор дар атрофи сўхтори кўчаи Сурхоб зиёд буд, вале ба хулосае омад, ки онро каме ҳам бошад, ба таъхир андозад, чунки дар тарозуи вақт ҳаёти писарбачае меистод, ки аз сад гулаш як гулаш нашукуфта буд. - Сафия Шосафаровна мо бояд ҳар дақиқаро ғанимат шуморем.
- Бисёр хуб, - гўён мудири боғча аз ҷой бархест.
Сорбони Ҳомид бо пешхизмат ҳисобӣ намуду ҳарду аз қаҳвахона берун шуданд.
"Сухан на танҳо барои мард, балки барои зан ҳам қимати хешро дорад," - гуфтаҳои ин ҷавонзани қавиирода дар гўшаш садо медоду садо. Онҳо то бинои милиса суҳбаткунон омаданд…
Сорбони Ҳомид чун фаҳмид, ки дар назди Ҳамид Ҷовид касе нест, ҳамроҳи мудири боғча рост ба назди ў рафт. Бо кўшиши вай Хушдил Одил барои вохўрӣ бо корманди милиса Сорбони Ҳомид розигӣ дод.
Корманди "Ширкати коркарди пашму пӯсти Тоҷикистону Амрико" Дарвеш Мўсо (Дороб Қамар дар сафари ба Файзбор намудааш худро бо чунин ному насаб муаррифӣ намуда буд) посе аз шаб гузашта озими шаҳр шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор