Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

мо ӯро интихоб кардаем.” Сари ҳамин андешаҳо ман по ба остонаи бинои милиса гузоштам.
Нафареро, ки кори шабро хандаи рӯз меҳисобид, сари субҳ ба Раёсати шаҳрӣ даъват намуданд ва маҷлиси пагоҳирӯзӣ баргузор нашуд. Мисли оне, ки то омадани табар кунда меосояд, мо низ бо амри дил ба корҳои рӯзмарра машғул шудем. Банда чанд маротиба ба нафаре, ки қубури ахлотпарто мавриди таваҷҷуҳаш гашта буд, занг задам, вале бе натиҷа. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуду ман дубора ба кӯчаи Бухоро, ба ҷойи ҳодисаи дирӯза рафтам, вале аз он ду нафаре, ҷабҳаи кориашонро худи сарвари милиса муайян намуда буд, на пай буду на ҳайдар. Чун аз нафари дигаре, ки акнун ба ҷой Сабоҳати Комил дар дидбонгоҳ менишаст, дар ин бора пурсон шудам, гуфт:
-Нозири минтақавӣ Хоҷаев ва нафари дигари ҳамроҳи ӯ дар либоси ғайринизомӣ буда, лаҳзае пеш бо “кулвор” - и аз ахлотқуттӣ ёфтаашон ба мошине нишаста рафтанд.
-Чӣ хел “кулвор?”
-Эй ба ростӣ, аз дидани он манзара табъи ман ҳам хира гашт. Наход милиса шудаю барои ёфтани кадом як шишаи шикастае тамоми ахлотқуттиро такурӯ намоӣ? Билохира онҳо ҳамон шишаро ёфта гирифта, чунон хурсанд шуданд, ки бинанда гумон мекард хуми тилло ёфтаанд. Сипас он бозёфташонро мисли кадом як чизи қиматбаҳо бо як эҳтиёт печонда бо имзои хеш ва ману Ҳанифахола тасдиқ намуда, ҳамаи инро дар коғази дигаре дар ду нусха навишта имзои моро ҳам гирифта рафтанд. Гумон мекунам, баъди ҳамаи он бозёфт бӯйи он ахлотқуттӣ як ҳафта дар сару либоси онҳо боқӣ хоҳад монд, - гуфт нафаре, ки акнун ба ҷои навбатдори дирӯза дохили дидбонгоҳ менишаст. Хостам ба идора баргардам, вале дар интиҳо ҳар чӣ бодо бод гуфта, боз соате дар гирду атрофи бинои 18 - ошёна чарх задам ва бо баъзе аз сокинони бино дар атрофи ҳодисаи дирӯза суҳбат намудам.
Новобаста аз он ки банда худро муаррифӣ намуда, ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият шаҳодатномаи хизматиамро нишон додам, вале боварии ҳамсуҳбатонамро ба даст оварда натавонистам ва онҳо ҳамин хел бепарво мақсаду мароми бандаро шунида, даст афшонида мерафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё