Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

сарф шуд. Баъзан ман мошинсавор ғамҳои коргоҳро ба хона меорам, вале ин субҳ баръакс мавҷи хотиротам боз ба истироҳатгоҳи “Пушинас”13 парвоз кард, ки мо чанд тан кормандони милиса тайи қариб як моҳ дар соҳили баҳри Балтика истироҳат намудем ва чанд моҳ пас Алексей Владимирович ҳамроҳи ҳамсараш Надежда Алексеевна ба айёдати банда ба Сағирдашт омад. Соле пас ман ба Маскав ба хабаргирии эшон рафтам ва сипас нооромиҳои кишвар оғоз шуданд ва чандин сол мо ҳамдигарро надидем ва акнун эшон имкон пайдо кардаву боз ба дидорбинии ман омад, ташрифи Алексей Владимирович дар замири банда дигарбора он каломеро бедор намуд, ки гуфтаанд:
-Дӯстони қадима гум намешаванд;
-Эҳтимоли солҳо бо онҳо алоқа барқарор намуданро наёбед, вале хотира дар бораи чунин инсонҳое, ки ҳаёти моро ба кулли тағир додаанд умрбод дар замири мо боқи хоҳад монд.
-Ягон ҳолат муносибати дӯстони қадимаро иваз карда наметавонад.
-Бо гузашти солҳо дӯстон зиёд не, балки кам мешаванд, чунки зиндаги онҳоро ба дигар роҳҳо мебарад
-Вақт худ озмоишест дар муносибатҳои дӯстӣ мо бо ҷудоӣ, ба мондашавӣ ва ба садоқат. Чун сафи дӯстон кам мешавад, қимати боқимондаҳо зиёдтар мешавад ва он шуълаи алангагирифтаро дигарбора дар атрофи дӯстони ҷонӣ фурӯзонтар месозад. Дар атрофи дӯст ва дӯстӣ аз ҳама беш дар адабиёти мо каломи пурҳикмате ҳаст, ки дӯстро ба бародар ташбеҳ додаву муносибати бародариро дар дӯстӣ арзёбӣ намуда. Мисли оне, ки гуфтаанд: “Дӯст хуб аст ё бародар?” ва посух ба он чунин омада: “Бародар, агар дӯст бошад.” Дар ҷойи дигар ба ҳамин савол донишманде чунин посух гуфта: “Аслан инсон дар интихоби бародар чизеро ба нақша гирифта наметавонад, аммо дӯст бародарест, ки худи

13 “Пушинас” - истироҳатгоҳи собиқ ВКД СССР дар шаҳри Палангаи
Ҷумҳурии Литва.

пешина
аз 527
навбатӣ