Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сарчўпон дарду алами падари Қодирро нағз дарк намуд ва шояд ба хотири ў соҳибхона қаҳру ғазаби хешро фурў нишонид.
Баъди гусели сарчўпон бо амри модар Ашўр ҳамроҳи писараш ба мактаб рафт. Қодир дар синфи чорум мехонд. Ў аз оғози басти дуюми дарсҳо қафо намонд. Садаф ҳам аз қафои бародар ва падар ба мактаб шитофт. Вай акнун ба қавли бибӣ арўс шуда буд. Дастёри бибӣ. Бо ҳама оҷизии хеш нигоҳ накарда, тайи ин ду ҳафтае, ки Қодир аз хона фирор карда буд, бибӣ баҳраш афсонаҳои нав гуфт, афсонаҳое, ки анҷомашон хуб буд. Дар поёни ҳар як афсона бибӣ даст ба дуо бардошта мегуфт: "…онҳо ба муроду мақсадашон расиданд, илоҳо набераҳои ман низ ба муроду мақсади хеш бирасанд, Омин!". Садаф ҳам дар қатори бибӣ дастонашро ба рўяш кашида омин мегуфт. Духтарча боварии комил дорад, ки дуоҳои ў ва бибиаш ба даргоҳи Парвардигор расиданд ва Қодир - акаи ҷонии вай боз ба хона баргашт.
Падар ба сарвари мактаб чӣ гуфту чӣ не, Қодир намедонад, вале он рўз ба ҷуз ҳамсинфон муаллимон ҳам нисбати ў дилсўз буданд. Ҳамин сабаб шуду Қодир ба тақдир тан дод. Ба хотири бибиаш бо модари угай ҳам муросо кард, вале як чиз ўро ором намегузошт, ҳамон ҳодисаи дар роҳ дидааш. Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чаро он ду нафари ба ёрии ронандаи дар зери сангчарх монда шитобида, ба вай ёрӣ надоданд. Он ронанда ҳам фарзанд доштагист, ҳоли онҳо чӣ мешавад?- андеша мекард Қодир. Манзараи рухдода ҳеҷ аз пеши назараш дур намешуд. Аз кирдори хеш ҳам шармаш меомад. Агар ў паси он санги калон пинҳон намешуд?
Метарсид, ки ба тарсуӣ муттаҳамаш накунанд.

  • Не ман тарсончак нестам, тарсончак нестам, - зери лаб мегуфт ў…

  • Ист!
  • Чӣ гап шуд? - тормозро пахш карда пурсид ронанда.
  • Дар он ҷо (ба самти муқобил бо дасташ ишора намуд мусофир) нафаре рўйи замин мехобид.
  • Шояд ягон маст будагист?
  • Намедонам, ўро нодида гузашта рафтан хуб нест.
пешина
аз 527
навбатӣ