Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

- Каждуми таги бурё, - гўён кампир асояшро гирифта берун баромад. - Бачаи беақл, ин чӣ коре буд, ки ту кардӣ? - гардани набераро ба оғўш гирифта гила намуд бибӣ.
- Бибиҷон!
- Лаббай, - бо нӯги рўймолаш ашкашро пок намуда истода овоз рӯшан намуд кампир.
- Илтимос, ашк нарезед!
- Ашк нарезед мегўйӣ? О бачаи беақл, ҳеҷ ба гўшаи хотир наовардӣ, ки тайи ин ду ҳафта бибиат дар чӣ ҳол буд? Андеша накардӣ аҳволи падарат чӣ мешавад? Садаф хуни дил шуд, мефаҳмӣ?
- Мефаҳмам.
- Ман ба падарат гуфтам, ки ту ба назди амаки Эмомат рафтӣ,- ба тарафи сарчўпон, ки бо як дасташ лаҷоми аспи худ ва бо дасти дигараш лаҷоми аспи овардаи Қодирро медошт, нигариста гуфт пиразан.
- Илтимос намудам, дар ин бора ба касе лаб накушоед, бибиҷон.
- Илтимос, илтимос намуда будааст, - зери лаб ғурғур кард пиразан ва бо овози шунаво гуфт:
- Магар ман ба ту ваъда дода будам, ки асроратро ниҳон медорам?
- Не.
- Модоме ки чунин аст, бибиатро гунаҳкор накун. Наход ту раҳми падаратро нахўрӣ? Охир ў марги модари шуморо намехост. Тақдир ҳамин будааст. Падаратро ҳам бе зан намешавад. Модари угай ҳам модар аст, мефаҳмӣ?
- Ҳа.
- Акнун аспҳоро баста монеду ҳамроҳи амаки Эмомат ба хона дароед.
- Маро рафтанам лозим, очаҷон, - гуфт сарчўпон.
- Танҳо бо иҷозати банда, марҳамат, ба хона дароед! Худи ҳозир Ашўр ҳам расида меояд, не нагўед, писарам.
Сарчўпон дилу бедилон ба хотири суханони кампир, ки ба ў низ ҳукми модарӣ дошт, аз асп фаромад. Ў баъд фаҳмид, ки кампирро дар он лаҳзаҳо чӣ фикру андешае дар сар будааст. Рафту агар Эмом намефаромаду дар лаҳзаи аввалини вохўрии падару писари фирорӣ иштирок намекард, Худо медонад чӣ гап мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор