Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Яъне, ба ҷойи ас дидаву дониста чунин як муассисаи хайёлиеро, баҳри амал намудани ҳисобу к ном намудед?
-Дуруст.
-Ҳадафи аслии оинномаатон дар муасиссаи хайёлӣ, ки худ ҳам сарвару ҳам иҷрочӣ будед?
-Ошкор намудани паразитҳо. Таҳлили фаъолияти паразитҳо ва аз рӯйи дараҷаи гуноҳашон ҷазо додани онҳо; Ба хато роҳ надодан дар самти интихоби номзадҳо ба мақоми паразитҳо; Ба ҷазо кашидани онҳое, ки ҳангоми интихоби номзад ба мақоми паразитҳо ба хато роҳ додаанд.
-Новобаста аз норасоҳои кадрӣ ҷустуҷӯ ва ошкор сохтани паразитҳо чандон душворие ҳам пеш наовард, чунки тайи даҳ - дувоздаҳ соли охир банда аз рӯйи мақоли “агар ба кӯҳи бузург зӯрат нарасад, рафта бӯсааш кун” амал намуда, қотили бародарро бародари хеш хондам ва ба асрори рӯзгори эшон аз наздик шинос шуда, ҳатто барои ба бовариаш даромадан дар интиқоли маводи мухаддир ӯро дастгирӣ намудам. Ҳарчанд дар пирамидаи кадрӣ синдикати нашъҷаллоби тамокуфурӯш дар зинаи боло ҳам набудам, ба боварии “Шеф” даромада тавонистам ва баъзе супоришҳои инфиродии эшонро бе каму кост иҷро менамудам. Аслан ман гурге будам дар ҷомаи меш ва фурсати муносибро меҷустам то қасди бародар ситонам ва чун аз дарди бедавои хеш огоҳ шудам, ба хулосае омадам, ки дигар фурсати интизор шудан нест. Гумон насозед, ки дар замири банда раҳму шафқат набудааст. Ҳаргиз чунин нест, маро худи зиндагӣ водор сохт то чорае андешам, вагарна он тамокуфурӯши бе имон, ба ҷуз он ки дар хуни бародарам даст дошт, беқонуниятиро ҳис намуда, тайи солҳои охир аз мансаби манфури хеш истифода бурда, дар байни кипҳои тамоку маводи мухаддир интиқол медод ва ба барои манфиати шахсӣ шуда, эҳтимол садҳо нафарро ба марг маҳкум намуда буд ва ҳамаи инро дидаю дониста, касе пишакашро пишт намегуфт. Имшаб аз оғози суҳбат шумо дар каломи банда оҳанги тавбаро шунидан хостед ва ман муддате дар “навохтан” - и оҳанг худдорӣ намудам, то бифаҳмам ҳадафи аслии шумо чист ва ба иҷрои ҳадафҳои оинномавиатон то кадом андоза арҷ мегузоред.

пешина
аз 527
навбатӣ