Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Банда, ки замоне ҳама бо ҳавас ба сӯям менигаристанд, дар чашми ҳамагон ба ландаҳури бекорае табдил ёфтам ва аз чунин аҳвол дарун ба дарун месӯхтам. Болои сӯхта намакоб ҳамсарам -нафаре, ки маро уқобам мегуфту ба номам ифтихор дошт, ин ҳолатро ҳеҷ таҳаммул карда натавонист, - баъди ду соли аз авиатсияи калон рафтанам ҳамарӯза ҷанҷол бардошта, оқибат баромада рафт. Бубинед, ҳамон як осеби хурд ба сари ман чӣ балоҳоро овард ва гумон мекунам муаррифгари банда ба тафтишот ҳам ҳамин осеб шуд, ки ҳангоми нигоҳ шумо нишонаи онро дар чашми ман хоҳед дид.
Шояд ҳамон осеби хурд оқибат корашро кард ва акнун чароғи зиндагии банда низ дар арафаи хомӯшшавист. Чун моҳи сентябр баъди гузаштани ташхиси охирин огоҳӣ ёфтам, ки ҳамагӣ на беш аз ним сол меҳмони зиндагӣ ҳастам, кори хайреро ба сомон расонданӣ шуда, чун ҳама тоҷикони навбаромад ширкати тиҷоратие кушода, номи хешро ҳамчун директори генералӣ сабт намудам. Аслан агар мақомоти ваколатдори давлатӣ аз рӯйи виҷдон кору фаъолият намуда, гунаҳкорони ҳодисаи ба сари бародарам Тоҳир овардаро ба маҳкама мекашиданд, зарурияти ташкили чунин ширкати хусусӣ ҳам набуд.
-Самти фаъолияти ширкати ташкилнамудаатон чист?
- “Мубориза ба муқобили паразитҳо ва унсурҳои бегона, тоза намудани ҷамъият аз паразитҳо ва амсоли он.”
-Ҳамааш ҳамин?
-Ҳамин, мутаассифона, мардум ба рафти ҳодисаҳое, ки доғеро дар пероҳани сафед мемонанд, мавқеи бетарафиро ишғол намудаанд. Шояд агар сарпарасте ёфт шудаву муассисаи навтаъсисро маблағгузорӣ мекард, талабгорон ба мақоми иҷрочӣ дар торумор намудани паразитҳо пайдо мешуд, вале чунин нашуд ва банда нафареро, ки талаби корро дар ин муассисаи навташкил дошта бошад, пайдо карда натавонистам. Чун механизми фаъолияти муассиса дар асоси оиннома ба ҳаракат даромада буд, новобаста аз камбудиҳои кадрӣ ба хотири эмин доштани он аз “банкротшавӣ” худам иҷрои нобуд сохтани паразитҳоро ба душ гирифтам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо