Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Сарвари милиса хоҳиш кард, ки майори милиса Абдумаҷидов то омадани қувваи асосӣ фармондеҳии “парад”-ро ба души хеш бигирад.
-Пас чаро истодаем?
-Амри “фармондеҳ” - ро интизорем.
-Набошад ба пеш! - Вале ҳамоно нигоҳам ба қулфи рақами дари даромадгоҳ бархӯрд, ки гуфтам: - Истед! - ва худ тугмачаи даъватро зер кардам, вале ин амалам ҳам бе натиҷа анҷом ёфт.
-Рафиқ майор, рухсат диҳед, ман худам, - гуфт ташхисгар - криминалист.
-Ҳаминаш намерасид, “медвежатник.”.
Дар ҳамин асно пиразане аз дохили бино берун омад ва мушкилоти аввалини мо паси сар шуду ҳамагон вориди бино шудем.
Даҳлези бино хеле калону барҳаво буд ва дар самти чапи даромадгоҳ дидбонгоҳи шишагине чун дидбонгоҳои назоратии милиса гузошта шуда буд, ҳарчанд дар он лаҳза назоратчӣ дар ҷойи кораш набуд, вале худи дидбонгоҳ яке аз нишонаҳои мақому манзалати сокинони бино буд ва аз эҳтимол дур набуд, ки бе рухсати назоратчии дар дохили ин аквариум нишаста паша ҳам аз ин даҳлез ба ошёнаҳои боло парида натавонад.
Ҳангоме ки мо дар лифти кушоду барҳаво ба боло мебаромадем, бандаро фикре ба сар омад, ки чӣ тавр нафаре ин ҳам монеаҳоро бартараф намуда, бе мамониат то ба ошёнаи ҳафтум расида, қасд ба ҷони дигаре карда бошад.
Ҳарчанд дар даҳлези ошёнаи якуми бино касе набуд, дари ҳуҷрае, ки сабабгори ҳамаи ташвишу тараддуди мо гардид, кушода буд. Новобаста аз кушода будани дар лаҳзае ҳам бошад, аз рӯӣ таомул пушти он тағофул намуда, тугмачаи зангро зер намудем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё