Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт

ОҲАНГИ ТАВБА
Роман
Аз ҳаводис хотири озоди мо ғамгин нашуд,
Ҷабҳаи ин баҳр аз саъйи ҳаво пурчин нашуд.
-Шумо равед, равед.
-О, ин чӣ хел мешавад?
-Инҷиқиҳои табиатро пешгӯӣ намудан душвор ва кӣ медонад боз чанд соат мо ин ҷо мемонем, биё беҳтараш аз корат намон, модоме худи сардор занг зад пас зарурати ба ҷойи ҳодиса рафтанат ҳаст ва намехоҳам аз рӯйи ман шуда, шумо гапҳои пасту баланд шунавед. Ссорится с начальством, всё равно что тигра за хвост дёргать: и удовольстве мало и страшновато, - гуфт Алексей Владимирович Сендеров, ки замоне мо ҳамроҳ кор мекардем ва баъди чандин сол тасодуфан дигарбора дар осоишгоҳи “Пушинас” - и шаҳри Паланга вохӯрдем ва ҳамон вохӯрӣ дар муносибатҳои минбаъдаи мо риштаҳои дӯстиро пайваст. Акнун ӯ, ки сарварии яке аз бахшҳои МУР3– ро ба душ дорад, имсол ҳангоми дар рухсатии меҳнатӣ буданаш ба Тоҷикистон, ба аёдати банда омад.
-Чӣ илоҷ, модоме ки шумо чунин мешуморед, - гуфтам ман ва мо худоҳофизӣ намудем. Ба таксие нишаста суроғаро гуфтам ва баъди бист дақиқа ронанда мошинро пеши бинои баландошёнае боздошта гуфт:
-Шояд шуморо интизор шавам? - ва чун ҷавоби инкор гирифт, муҳаррикро дубора ба кор даровард. Ман ҳатто натавонистам дӯстам Алексей Владимирович Сендеровро, ки баъди чандин сол ба дидорбиниам омада буд, гусел намоям.
Сардори милиса худаш занг зада, ҳозир шудани бандаро ба ҷойи ҳодиса талаб кард. Модоме ки талаб кард, пас заруратеро дар иштироки бевоситаи ман дар ин ҳодиса дидааст.
Агар аз рӯйи инсоф андешаронӣ намоем, гуноҳи сарвари милиса ҳам нест, ки манро баъди ду соати дар он ҷо буданам, аз пай коре фиристод, чунки табиати афсункор худаш дар фурудгоҳ монеа эҷод намуд ва парвози тайёраҳо бинобар бад будани боду ҳаво ба муддати номуайян боздошта шуданд, вагарна ман кайҳо Алексей Владимировичро ба Маскав гусел намудаю ба идора баргашта будам. Болои сӯхта намакоб, бо гузашти ҳар даҳпонздаҳ дақиқа аз ғайб овози буррою ширадори занонае мусофирони аллакай аз интизорӣ ба ҷон омадаро ҳушдор месохт, ки дар ин давлати хурде чун Ватикан ба номи аэропорт ё ба истилои нав фурудгоҳ, ки аз ҷиҳати гуногунзабонӣ аз маркази католикҳои ҷаҳон бартарии бештаре дорад, чи шуду чи шуда истодааст ва дар соатҳои наздик чӣ бояд шавад. Азобу машаққати мардуми дар фурудгоҳ бударо дида, хаёлан сафинаи тасодуфан аз ғарқшавӣ эминёфтаро пеши назар овардам, вале чун фарзияҳо аз рӯйи хабарҳои капитандухтари аз ғайб пешгӯикунанда дар қалби ҳар шунаванда умедеро ба ояндаи наздик бедор мекард, ба хулосае омадам, ки шояд соате пас чун вазъи боду ҳаво барои парвоз мусоидат намояд, фурудгоҳ ҳамаи он мардуми соатҳо дар толорҳояш интизор бударо ба майдони ҳавой партояд ва боз набзи дохили толорҳо муътадил гардад Хайрият Алексей Владимирович, ки баъди аз Тоҷикистон рафтан солҳо дар МУР кору фаъолият намуда, то бо рутбаи полковники милиса расидаву ҳангоми рухсатии меҳнатӣ имсол ба кишвари мо омад, ҳолати коро ба хубӣ дарк кард ва бандаро барои ба ҷойи ҳодиса рафтан ҳидоят намуд...
Аз дигар самт ҳам омада бошам, вале ташхисгари тиббӣ ва ташхисгар - криминалистро, ки ҳарду мошини “Ёрии таъҷилӣ” - ро гусел намуда, дар пеши бинои баландошёна сумкаҳои корӣ дар даст омадани касеро интизори доштанд, дида нафаси сабук кашидам.
-Дигарон канӣ? - баъди салому алейк пурсидам ман.

аз 527
навбатӣ