Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷавонзани дар намуд 20 - 23 - сола аз он манзил берун омада, мо се тан марди ношиносро пушти дар дида пурсид:
-Милиса?
-Милиса, гуфтам ман.
-Марҳамат, гузаред. Ман ҳодисаро дида, ба дари хонаи ҳамсоя ангушт задам ва он кас ба “Ёрии таъҷилӣ” ва милиса занг заданд. Ҳа, дарвоқеъ, ана худашон ҳам омаданд, каме пештар аз шумо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҳам омада буд.
Табибон ҷисми соҳибхонаро дида, гуфтанд, ки дигар ӯ ба ёрии тиббӣ ниёз надорад ва баромада рафтанд. Ҳамсоя ба гусели онҳо баромада буд ва хайрият, ки баргашт, - нафари аз пушти мо вориди хона шударо дида гуфт мусоҳиби нахустини мо.
Лаҳзае таваққуф намуда, худро шинос намудем. Оне, ки дар мақоми “соҳибхона” қарор дошт, худро Сабоҳат ва нафари акнун ба суҳбати мо ҳамроҳшуда худро Комрони Нодир гӯён муаррифӣ намуданд.
Ман аз Сабоҳат ва Комрон хоҳиш намудам, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҳамчун шахси холис иштирок намоянд ва ҳарду ҳам розӣ шуданд.
Чун вориди хона шудем, болои фарш ҷисми нафареро дидем. Бе ягон калому паёми зиёдатӣ банда нигоҳамро ба сӯи нафарони ҳамроҳам омада дӯхтам. Нигоҳе, ки шояд маънои “чиро интизоред, аз пай кор шавед” - ро дошт.
Тартиби азназаргузаронии ҷои ҳодиса дар қонун айнан муайян карда шудааст ва аз таҷрибаи бисёрсолаи кор банда онро дар чунин шакл сармашқи кори хеш намудам.
Сараввал духтур (ташхисгари тиббӣ - судӣ) ҷасадро аз назар гузаронда, сабаби маргро муайян мекунад. Сипас ташхисгар - криминалист ба кори хеш шурӯъ намуда, то ҳадде имкон дорад, шираи тамоми ашёву предметҳои дар он маҳал бударо ҷабида, хабарҳо гирд меоварад, изҳои аз чашм ноаёни дар ҷойи ҳодиса мондаро ба дактилокарта мегирад, ҷой ҳодисаро аксбардорӣ мекунад. Тартиб додани протоколи азназаргузаронии ҷойи чунин ҳодисаҳо ба души муфаттиш аст. Муфаттиш ҳолати корро муфассал болои лисон меорад ва менависад, ки ҷасад дар кадом ҳолат қарор дорад ва амсоли ин.

пешина
аз 527
навбатӣ