Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Чӣ хел шубҳа?
-Шояд он ҳиссачаи хурди шиша то содиршавии ҷиноят дар болои қолин будааст ва бо амри тасодуф мақтул ба ҳамон ҷо афтида, ёфтани он шишапораҳои бо хун омехташуда ба мо даст дод. Магар чунин ҳодисаҳо дар рӯзгор каманд.
-Аз нигоҳи ташхис ҳамон ҳиссачаи хурд метавонад ҳиссачае аз зарфҳои шишагини дар дохилашон май дошта бошад?
-Чаро не, вале баъди чунин зарба мебоист дар сару рӯӣ ва либосҳои мақтул моеъи дар дохили шиша буда мерехт, вале ҳангоми муоинаи аввалин мо чунин ҳолатро ошкор карда натавонистем.
-Оё ташхисҳои минбаъда дар ин самт ягон натиҷае дода метавонанд?
-Чаро не. Шояд ташхиси биологӣ ягон натиҷае диҳад.
-Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
-Рафту дар хуни мақтул алкагол муайян карда шавад, эҳтимолияти дар ин манзил будани чунин шиша мавқеи бештаре пайдо мекунад.
-Ба андешаи шумо агар шиша ҳамчун олоти ҷиноят истифода шуда бошад, дар натиҷаи бархӯрди он ба сари инсон эҳтимоли шикастанаш ҳаст?
-Ҳамааш ба сохт ва сифати шиша вобаста аст ва агар сифати коркарди он баланд бошад, эҳтимоли шикастан ё нашикастани он 50 дар 50 %-ро ташкил медиҳад.
-Пас канӣ он шиша?
-Инашро мо намедонем, вале то ҳадде имкон буд, мо изҳои дар ин манзил мондаро ба дактилокарта7 гирифтем, ки бисёртари онҳо ба худи соҳибхона тааллуқ доранд. Аз болои фарш ягон изеро, ки имконияти муқоиса намуданаш бошад, гирифта натавонистем ва ҳамаи ин ягон натиҷае медиҳад ё не, мо чизе гуфта наметавонем. Барои кормандони бахши
7 Плёнкаи дуқабатае, ки тариқи он изи дастҳо аз ҷои ҳодиса гирифта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё