Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

-Аз нигоҳи хеш шумо чунин муносибати сардро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Ҳеҷ гуна. Кабӯтар бо кабӯтар, ғоз бо ғоз...
-Агар чунин аст, чаро аз кор нарафтед?
-Дар замоне, ки ҳатто нафарони дипломи олидор ҷойи кор намеёбанд, банда бо маълумоти синфи 9 ба куҷо мерафтам? Ҳарчанд дар дохили он катакчаи шишагин нишастан ба ҷонам задааст.
-“Кор рӯсурхии инсон” гуфтаанд ва бубинед, ки бе рухсати шумо паша ҳам вориди ин бино шуда наметавонад.
-Ин танҳо аз нигоҳи аввал аст.
-Дар асл чӣ?
-Шумо - ку бе рухсати банда то ба ошёнаи ҳафтум баромадед, магар ҳамин муаррификунандаи кори мо нест?
-Яъне, назорат ба талабот ҷавобгӯ нест?
-Ҳар чӣ пиндоред.
-Дари асосии бино бо қулфи рақамӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Мегуфтед коди он чанд вақт пас иваз карда мешавад?
-Ҳар ду - се моҳ пас.
-Акбар Ҳакимович! - аз остонаи дари хонаи хоб садо дод ташхисгари тиббӣ - судӣ ва ман хизматгордухтарро ба ҳоли хеш гузошта аз дар баромадам.
-Мутаассифона, тасодуфан рух додани ҳодиса тасдиқи хешро наёфт, - гуфт нафаре, ки сабабгори кандани муколамаи ман ва Сабоҳат гашта буд.
-Яъне, куштор?
-Куштор.
-Аз нигоҳи шумо мо бояд чиро ҷустуҷӯ намоем?
-Асбоби кундалангеро, ки кунҷҳояш тез нестанд.
-Аниқтараш.
-Мо бо далелҳо сару кор дорем ва модоме ки далел нест, чӣ ҳам метавон гуфт.
- Хеле мутаассифам, ки ташхис ба ҷуз кундаланг будани олоти ҷиноят ягон ҳолати дигарро пайдо карда натавонист.
-Мо аз ҷой ҷароҳатгирифтаи мақтул шишапораҳои майдаи дар хун олудашударо пайдо намудем, вале чун худи шишаро ҳамчун олоти ҷиноят пайдо карда натавонистем, ин бозёфтамон ҳам шубҳаро пайдо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё