Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аз рӯи овозаҳо. Ҳарчанд овоза овоза аст аммо дар овоза ҳам як зарраи ҳақиқат ҳаст. Дар ин рӯзгори пур Мижгон чун пул байни он тамокуфурӯш ва баъзе аз он вазирону кабирони чун гург дар ҷомаи меш буда. Ҳатто боварии кас намеояд, ки кадом як тамокуфурӯше тавонистааст нафарони ба худаш содиқро тариқи воломақомҳои дурӯя дар мансабҳои давлатӣ ҷо ба ҷо намояд.
Дар ин амалҳо, албатта, саҳми бевоситаи Мижгон ҳам ҳаст.
-Миёнарав гӯед.
-Миёнарав ё ба ҳамин монанд ва чӣ хеле гуфтам, аз дасти худораҳматӣ ҳар кор меомад ва ёру дӯстонаш ҳам бешумор буданд.
-Дар асл вай чикора буд?
-Чӣ хеле аллакай гуфтам, ӯ дар кадом яке аз филиалҳои бонки “Аврора” ба сифати мудири бонк кору фаъолият дошт ва ҳанӯз чашми рӯз накафида аз хона мебаромад ва баъди намози шом вориди ин бино мешуд ва бояд эътироф намоям, ки ду сол пештар мо дар як маҳфиле шинос шудем ва ӯ бандаро барои кор ба он катакчаи шишагин овард ва як ду моҳ пас рӯбучини хонаашро ҳам ба ман бовар кард.
“Духтарро ҳам фаҳмидан лозим, охир ҳар чӣ ҳам набошад, инсоне ҷони хешро аз даст додааст, инсоне, ки барои ӯ қариб бегона нест ва ҳарчи ҳам буд ё не, Мижгони Файз муддате вайро аз ҷиҳати иқтисодӣ даст гирифт ва ӯ соате пеш хайрхоҳи хешро оғӯштаи хун дид” - аз дил гузарондам ман ва пурсидам:
-Муносибати шумо бо соҳибхона дар кадом поя қарор дошт?
-Худ андеша намоед, ки ашрофзодаро бо фақир чӣ муносибате буда метавонад ва ман барои вай аз хизматгоре беш набудам, ҳарчанд ӯ аз ман як мучал калонтар буд, вале дар муносибати инсонӣ ин чӣ лахл дорад ва чун вай гоҳҳо аз худ “малика” метарошид ва бо гуфтору рафтораш худро чун шоҳдухтар нишон доданӣ мешуд, хоҳу нохоҳ ғазаби бандаро дучанд мекард. Рафту агар вазъи молиявиам имкон медод, ман асло дигар хизмати ӯро ба душ намегирифтам.

пешина
аз 527
навбатӣ