Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кофтукови ҷиноятӣ кор басанда аст, - гуфт ташхисгар - криминалист ва бори охирин мавқеъи ҷойгиршавии ҷасадро акс гирифта, аз паи ғундоштани асбобу анҷомаш шуд.
-Гуфтаниед, ки ӯ лағжида наафтидааст?
-Наафтидааст.Чӣ тавр метавонад зани солиму аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта дар болои қолин лағжида афтад. Рафту агар чунин ҳолат ҳам рух медод, ӯ имкони пурра дошт, ки пеш аз афтидан ба фарш тариқи дастонаш худро ҳимоя сохта, дараҷаи бархӯрдани хешро ба фарш то ба ҳадди минималӣ расонад. Дурусттараш ӯ наафтидаст. Ӯро ба зарбаи сахте афтонидаанд, - гуфт мусоҳиби банда асбобҳои аксбардориро ба ҷомадони тафтишотӣ ҷо намуда истода.
Ман боз каломе ба забон овардан мехостам, вале марди тахминан 35 – 40 - сола ҳамроҳи Комрони Нодир по ба остонаи хона гузошта овоз рӯшан кард:
-Сабо, Сабо!
Хизматгордухтар аз ҳуҷраи хоб берун омад.
-Мижгон канӣ? Ба ӯ чӣ шуд? - пурсид нафари ҳамроҳи ҳамсоя омада, вале хизматгордухтар нигоҳашро ба фарш дӯхта хомӯш шуд.
-Сабо, ман аз ту мепурсам: - канӣ Мижгон? Ба ӯ чӣ шуд?- дубора пурсид он мард ва ман ба хулосае омадам, ки ӯ соҳибхона аст.
-Мутаассифона, он кас дигар дар қайди ҳаёт нест, тафтишот сари ҳамин масъала кор карда истодааст, - гуфтам ман ва бо ҳамин васила Сабоҳати Комилро аз варта берун овардам.
-Мижгон! Мижгон! Кани тӯ? Ба ту чӣ шуд? Чаро хомӯшӣ? - гӯён он мард сараввал вориди хонаи хоб шуда, сипас ба ошхона рафт ва танҳо баъди ин аз паҳлуи мо гузашта, ба меҳмонхона даромад ва худро болои он ҷисми сарди болои фарш хобида, ки болояш бо суфи сафеде пӯшонида шуда буд, партофта, оҳи сарде аз дили пурдард бароварда ашк рехт. Ҳамсоя вайро бо чӣ азобҳое аз болои он ҷисми сард бардошта, бо каломи тасаллиятдиҳандаи “Тақдири Худованд ҳамин будааст,” “Роҳи ҳамаамон ҳамин”, “Кулли зоянда-миранда” ва “Худо раҳмату мағфираташ кунад!” аз меҳмонхона бароварда ба ошхона бурд.

пешина
аз 527
навбатӣ