Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Афсӯс ки ин чизро хеле дер фаҳмидед.
- Ман ҳам афсӯс мехӯрам.
- Тавба дар ҳама давру замон назди Худованд писанд аст, пас чаро тайи як моҳу се рӯз шумо сари ҳамин масъала андеша накардед?
- Тарсидам, ба ростӣ, тарсидам.
- Акнун чӣ?
- Барои шумо чӣ фарқ дорад?
- Ҳамин аст хатои шумо ва ин хатои аввал ҳам нест. Ба ҷуз оне ки ба шавҳар хиёнат намудед, ба ҷуз оне ки фоҷиаи ба сари шавҳаратон омадаро пинҳон доштед, баҳри аз маҷрои рост баровардани тафтишот бешармона ба милиса омада хабар додед, ки тайи се шаб панҷ нафар мардони ҳузарб ба манзили шумо ташриф оварда, огоҳатон намудаанд, ки дар моликияти ба даст овардаи шавҳаратон саҳмдоранд Агар мо нисбати тақдири шумо бетафовут мебудем, ҳамин аризаи саропо дар туҳмат олудаатонро дастрас намуда, барои туҳмат, не дурусттараш барои нишондоди бардурўғ доданатон аз болоятон парвандаи ҷиноӣ оғоз менамудем. Агар мо нисбати тақдири шумо аз паси панҷа менигаристем, шуморо дар рӯзи аввали сар задании ҳодиса боздошт менамудем ва гумон мекунам, ки худ чун булбул ҳамаашро гуфта медодед. Шояд гўед, ки моро далел дар даст набуд ва барои ҳамин шуморо то ба имрўз ба ҳоли хеш гузоштем?
Ёдовар мешавам, ки баъди як ҳафта ё шояд даҳ рўзи ҳодиса тафтишот бо табиб Раҳмоналии Маҳмуд вохӯрд ва нишондоди эшон баҳри аз шумо талаб намудани далелҳои муътамад кофӣ буд, вале дар он сурат ҳам мо сабуриро пешаи хеш қарор додем, ҳол он ки ин амаламон ба сарамон чӣ балоҳое наовард. Бархилофи шумо, ки аллакай дастонатон дар хуни ноҳақ олуда гаштааст, мо аз Офаридгори Бузург метарсем, то мабодо бегуноҳеро ба маҳкама накашем. Шахсан агар даҳ гунаҳкор дастгир нашудаву дар озодӣ гардад, барои банда беҳтар аз он аст, ки як бегуноҳ ҷазо мегирад.
Рафту агар зӯри мо барои дастгир намудани он даҳ ҷинояткоре, ки дар озодӣ гаштаанд, нарасад, мо итминони комил дорем, ки онҳо ҷазои хешро аз Холиқи оламиён, ки қозие аз ў беҳтар нест, мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор